Мамнӯъ шудани вуруди иддаъе аз муҳоҷирони тоҷик ба Русия

  • 8 Октябр, 2013

Идораи муҳоҷирати Русия гуфтааст, дар соли ҷорӣ вуруди 260 ҳазор тан аз атбоъи хориҷӣ ба Русия мамнӯъ шудааст, ки 20 дарсади ин афродро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил додаанд.

Ба гуфтаи Константин Ромодановский, раиси Идораи муҳоҷирати Русия, тибқи қавонини ин кишвар шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар муддати 4 моҳ расман дар идораи муҳоҷират сабти ном намешаванд, дар зарфи се соли оянда аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум хоҳанд шуд.

Зимнан, бар асоси мувофиқатномаи Идороти муҳоҷирати Русия ва Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав имзо шуда ва дар ҳафтаи гузашта аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Тоҷикитсон тасвиб гардид, ҳузури бидуни сабти атбоъи тоҷик дар Русия аз 7 то 15 рӯз тамдид шудааст.

Ҳамчунин, санади ҳуқуқӣ дар мавриди тамдиди муддати муҷаввизи кор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз 1 то 3 сол таҳия шуда ва дар назар аст, дар ояндаи наздик миёни ин ду кишвар имзо шавад.