Пулиси Русия 1200 муҳоҷирро дар Маскав дастгир кард

  • 15 Октябр, 2013

Пулиси Маскав аз дастгирии дастикам 1200 нафар дар пойтахти Русия хабар додааст. Ин иқдом як рӯз пас аз бурузи даргириҳое дар ҷануби Маскав сурат гирифтааст.

Эътирозоти рӯзи гузашта дар пайи марги як ҷавони рус буруз кард.

Гуфта шуда, ки ҷавон рӯзи панҷшанбе ба зарбати чоқу кушта шудааст.

Бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ, муътаризон бо ҳамла ба як маркази харид шишаи панҷараҳоро шикаста ва даст ба тахриб заданд.

Пулис дар вокуниш дар ҷустуҷӯйи коргарони муҳоҷир ба як бозори умдафурӯшии сабзиҷот ҳамла карда ва шумореро дастгир мекунад.

Пулис тасвири фардеро, ки занни он меравад қотили ин ҷавон бошад, мунташир кардааст.

Ба навиштаи расонаҳо, бо таваҷҷуҳ ба ин ки тасвир мутаъаллиқ ба фарде бо зоҳире ғайриислов аст, дар натиҷа ин тасаввур дар миёни миллигароёни рус эҷод шуда, ки қотил як муҳоҷири мусалмон аз минтақаи Қафқози Шимолӣ бояд бошад.

Масъалаи муҳоҷират яке аз муҳимтарин масоил дар ҷараёни интихоботи ахир барои баргузидани шаҳрдори Маскав буд.

Матолиби муртабит