Созишномаи пойгоҳи низомии Русия ба порлумон ворид шуд

Созишномаи Тоҷикистону Русия дар бораи "Мақом ва будубоши пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон" барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони ин кишвар ворид шудааст.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯйи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, ин санади ҳуқуқӣ рӯзи чоршанбеи 18 сентябр ба порлумон ирсол шуда ва дар назар аст, дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар рӯзи душанбеи 23 сентябр ин масъала матраҳ шавад.
Ин созишнома дар ҷараёни дидори расмии Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия аз Тоҷикистон дар 5 октябри соли гузашта имзо шуда ва дар моҳи апрели соли ҷорӣ аз ҷониби Думои давлатӣ ё порлумони Русия тасвиб шуда буд.
Тибқи ин санад замони ҳузури низомиёни рус дар ҳудуди Тоҷикистон то соли 2042 тамдид шуда, Русия аз пардохти пули иҷора муоф ва низомиёни рус аз ҳаққи масуният бархурдор хоҳанд буд.
Оқои Султонов гуфт, феълан намояндагони порлумон дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон бо интихобкунандагони мулоқотҳо баргузор карда ва дар ҳафтаи оянда онҳо ба фаъъолияти дар порлумон идома медиҳанд.
Ӯ гуфт, тибқи муқаррароти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Созишномаи Тоҷикистону Русия дар бораи "Мақом ва будубоши пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон" нахуст дар кумитаҳои маҷлис баррасӣ шуда ва сипас, барои баррасӣ ва тасвиб ба иҷлоси Маҷлиси намояндагон ирсол хоҳад шуд.
Интизор меравад, пас аз таътил иҷлоси Маҷлиси намояндагон дар авоили моҳи оянда баргузор шуда ва дар он Созишномаи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон баррасӣ шавад.
Тибқи гузоришҳо мақомоти Тоҷикистон далели ба дарозо кашидани тасвиби ин созишномаро ба ҳалли мушкили будубоши атбоъи тоҷик дар Русия ва интиқоли маҳсулоти нафтӣ аз ин кишвар ба Тоҷикистон марбут хондаанд.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моҳи гузашта раиси ҷумҳурии ин кишвар барои баррасӣ ба порлумон Созишномаи Тоҷикистону Русия дар бораи "Будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия" ва Созишномаи Тоҷикистону Русия дар заминаи "Ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон"-ро, ки мутаносибан 8 ва 6 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав имзо шуда буданд, ирсол карда буд.
Вале коршиносон иллати ба дарозо кашидани тасвиби Созишномаи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро ба интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон марбут хонда ва гуфтаанд, бо тасвиби ин санад дар остонаи интихобот Эмомалӣ Раҳмон ба касби пуштибонии Русия аз номзадии ӯ умед бастааст.
