Мулоқоти Убайдуллоев бо Слутский дар Душанбе

  • 11 Сентябр, 2013

Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе ва раиси кумитаи кор бо кишварҳои мутақили ҳамсуди “Думо”-и Русия дар мулоқоте дар шаҳри Душанбе ҳамкориҳои ин ду кишварро дар арсаҳои мухталиф судманд арзёбӣ карданд.

Дар ин бора дафтари матбӯъотии шаҳрдории Душанбе хабар дод. Бино ба иттилоъи ин манбаъ Маҳмадсайид Убайдуллоев ва Леонид Слутский, рӯзи чаҳоршанбеи 11 сентяр дар мулоқоти худ дурнамои ҳамкориҳои ин ду кишварро низ баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо аз ҷумла ба зарурати ҳамкориҳо дар заминаи таъмини амнияти минтақа, дифоъ аз марзҳои муштарак ва мубориза бо теруризм ва қочоқи маводди мухаддир таъкид кардаанд.

Яке аз ҳадафҳои сафари оқои Слутский ба Тоҷикистон омодагӣ ба сафари қарибулвуқӯъи Сергей Наришкин, раиси “Думо”-и Русия ба Тоҷикистон будааст.

Гуфта мешавад яке аз масолили аслии матруҳа дар ҷараёни сафари ӯ ба Тоҷикистон баррасӣ ва тасвиби шароити буду боши пойгоҳи 201-уми Русия тавассути порлумони кишвар бошад.

Ҳамчунин масъалаи дигаре, ки эҳтимол дорад, ҷониби Тоҷикистон дар ин мулоқот баррасӣ кунад, мавзӯъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва шароити зиндагии иҷтимоъии онҳо хоҳад буд.

Бар асоси омори расмӣ беш аз як милюн сокинони Тоҷикистон дар Русия машғули муҳоҷирати корӣ буда ва шароити зиндагии ағлаби онҳо дар сатҳи пасти иҷтимоъӣ қарор доштааст.