Мувофиқатномаи пойгоҳи низомии Русия ба порлумон ворид нашудааст

  • 23 Август, 2013
Порлумон
Image caption Мувофиқатномаи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон то ҳол ба порлумон ворид нашудааст

Масъулони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфтанд, то ҳол давлати ин кишвар пешнависи Мувофиқатномаи миёни Тоҷикистон ва Русия дар мавриди ҳузури низомиёни рус дар ҳудуди ин кишварро ба порлумон ҳанӯз пешниҳод накардааст.

Ҳарчанд Муҳаммадато Султонов, сухангӯйи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 23 август ба Би-би-сӣ гуфт, қарор аст дар моҳи октябри соли ҷорӣ Мувофиқатномаи миёни Тоҷикистон ва Русия дар бораи тартиби буду боши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия дар порлумон баррасӣ ва тасвиб шавад.

Ба гуфтаи оқои Султонов, Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи ахири худ ин масъаларо матраҳ карда ва барои баррасӣ ба иҷлоси порлумон пешниҳод кардааст.

Ин санад 8 феврали соли ҷорӣ аз ҷониби раҳбарони Идораҳои муҳоҷирати Тоҷикистон ва Русия имзо шуда буд.

Бино ба ин санад ҳузури муҳоҷирони тоҷик дар ҳудуди Русия бидуни сабти ном дар ниҳодҳои зирабти ин кишвар аз 7 рӯз то 15 рӯз тамдид хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷараёни дидораш аз Русия дар авоили моҳи ҷорӣ гуфта буд, ки мувофиқатнома дар бораи тартиб ва шароити буду боши пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон пас аз бозгашти порлумон аз мураххасӣ баррасӣ ва тасвиб хоҳад шуд.

Ин санади ҳуқуқӣ, моҳи октябри соли гузашта ба ҳангоми дидори Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия аз Душанбе имзо шуда ва дар моҳи марти соли ҷорӣ аз сӯйи Думои давлатӣ ё порлумони Русия тасвиб шуда буд.

Тибқи ин мувофиқатнома пойгоҳи низомии 201-и Русия то соли 2042, яъне ба муддати 30 соли дигар дар хоки Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.

Бар асоси тавофуқе, ки дар моҳи октбяри соли 2004 миёни Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Русия дар шаҳри Душанбе имзо шуда буд, муддати будубоши пойгоҳи 201 дар соли оянда поён хоҳад ёфт.

Ба эътиқоди коршиносон, Тоҷикистон дар тасвиби Мувофиқатнома дар бораи тартиб ва шароити буду боши пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон шитоб накарда ва танҳо дар пайи тасвиби асноди ҳуқуқӣ дар бораи муҳоҷират, лавғи боҷи гумрукӣ ба маводди сӯхти воридотӣ аз Русия ба Тоҷикистон ва ҳалли масъалаи кумаки молии Русия ба артиши ин кишвар мавзӯъи ҳузури низомиёни рус дар Тоҷикистон дар порлумон матраҳ хоҳад шуд.