Калашников: 'Муқаррароти визо мушкили муҳоҷиратро ҳал хоҳад кард'

Як мақоми Думои давлатии Русия гуфтааст, ки танҳо аз тариқи ҷорӣ кардани муқаррароти визо бо бархе аз кишварҳо раванди муҳоҷират дар Русия танзим ва аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҷилавгирӣ хоҳад шуд.
Сергей Калашников, раиси Кумитаи Думои давлатии Русия дар масоили ҳифзи саломатӣ, рӯзи панҷшанбеи 3 октябр дар ҳошияи ҷаласаи Кумисиюни доимии Маҷмаъи байнипорлумонии Иттиҳодияи Кишварҳои Ҳамсуд (ИКҲ) дар шаҳри Душанбе дар ин замина ибрози назар кард.
Оқои Калашников ба хабарнигорон гуфт, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, имкони ҷорӣ кардани муқаррароти визоро бо бархе аз кишварҳо баъид намедонад. Аммо ӯ аз ҳеч кишваре мушаххасан ном набурд.
Зимнан, фроксиюни Ҳизби либерол-демукроти Русия, ки Сергей Калашников узви он аст, масъалаи ҷорӣ кардани муқаррароти визо бо кишварҳои Осиёи Марказиро дар авоили соли ҷорӣ дар Думои давлатӣ матраҳ карда буд.
Владимир Жириновский, раҳбари ин ҳизб, мукарраран таъкид кардааст, ки дар иртикоби бештари ҷароим дар Русия, бахусус дар шаҳри Маскав, муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даст доранд.
Аз сӯйи дигар, мақомоти Ҳизби либерол-демукроти Русия муддаъианд, ки 75 дарсади муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ ба таври ғайриқонунӣ дар ин кишвар фаъъолият мекунанд.
Намояндагони порлумони Тоҷикистон ахиран ба чунин ибрози назарҳои намояндагони Думои давлатии Русия дар мавриди зарурати ҷорӣ кардани муқаррароти визо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шумули Тоҷикистон вокуниш карда буданд.
Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби кумунисти Тоҷикистон ва узви порлумон, дар иҷлоси рӯзи 1-уми октябр ба ҳангоми баррасӣ ва тасвиби Мувофиқатнома миёни Тоҷикистон ва Русия дар бораи "Мақом ва будубоши пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон" гуфт, ки мақомоти кишвараш бояд эҳтимоли ҷорӣ шудани муқаррароти визо бо Русияро ҷиддӣ бигиранд.
Ба гуфтаи оқои Шабдолов, ин масъала на танҳо дар расонаҳои Русия, балки дар ҷаласаҳои Думои давлатӣ матраҳ шуда ва дар сурати вуқӯъи ин амр садҳо ҳазор тан аз муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ихроҷ хоҳанд шуд.
Аммо Маҳмудҷон Собиров, муъовини вазири хориҷаи Тоҷикистон, ки дар ин иҷлос ширкат дошт, гуфт, дар сатҳи давлатҳои Русия ва Тоҷикистон мавзӯъи имкони ҷорӣ шудани муқаррароти визо миёни ду кишвар матраҳ нест.
Дар ҳамин ҳол, ҷаласаи сайёри Кумисиюни доимии Маҷмаъи байнипорлумонии кишварҳои ҳамсуд , ки субҳи панҷшанбеи 3-уми октябр дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуда ва ду рӯз идома хоҳад дошт, мавзӯъи танзими раванди муҳоҷирати корӣ дар кишварҳои узви ИКҲ баррасӣ шуд.
Ба гуфтаи Сергей Болдирев, раиси барномаи Эътилофи байналмилалии "Муҳоҷирони корӣ" на танҳо кишварҳои мизбон, балки кишварҳои содиркунандаи нерӯи корӣ низ дар таъмини ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ бояд масъул бошанд.
Оқои Болдирев гуфт, ки ба далели рақобатпазир набудани муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати тахассусӣ, ҳуқуқи моҳонаи онҳо дар Русия дар пойинтарин сатҳ қарор дошта ва кишварҳои содиркунандаи нерӯи корӣ бояд дар омода кардани кодрҳои ботахассус масъул бошанд.
Бино ба гузориши ахири Идораи муҳоҷирати Русия, ки авохири моҳи гузашта мунташир шуд, феълан дар Русия 1 милюну 230 ҳазор тан аз табоъи тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Аммо Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро ҳудуди 800 ҳазор нафар арзёбӣ кардааст.
