Хадамоти муҳоҷират теъдоди раъйдиҳандагон дар Русияро намедонад

  • 27 Сентябр, 2013

Мусъулони Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон дар мизи гирде таҳти унвони "ВАО ва Муҳоҷират" дар шаҳри Душанбе гуфтанд, ки теъдоди воҷидини шароити раъй дар миёни муҳоҷиронро намедонанд.

Абдулои Қодирӣ, сухангӯи Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон, ки теъдоди муҳоҷирони мавсимӣ дар тӯли соли ҷориро ба ширкаткунандагони мизи гирд эълом кард, ба ин савол, ки "Теъдоди воҷидини шароъити раъй дар Русия чи қадар аст?", гуфт, ки шумориши электорат дар салоҳияти идораи муҳоҷират набудааст.

Ӯ фақат гуфт, ки дар ҳашт моҳу даҳ рӯзи соли ҷорӣ ҳудуди 640 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия рафт, ки ҳудуди 350 ҳазори онҳо баргаштаанд.

Ин дар ҳолест, ки ду ҳафтае қабл Идораи муҳоҷирати Русия эълом карда буд, ки аз лиҳози ҳузури муҳоҷирони корӣ дар Русия Тоҷикистон дар зинаи дуюм қарор дошта ва теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар 1 милюну 230 ҳазор нафар (1 милюну 52 ҳазор мард ва 177 ҳазор зан) арзёбӣ шудааст.

Аммо сухангӯи Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон омори ҷониби Русия дар мавриди теъдоди муҳоҷирони тоҷикро носаҳеҳ арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи ӯ тибқи қонун муҳоҷирони тоҷике, ки дар тӯли 90 рӯз дар Русия ҷойи кор пайдо намекунанд, бояд он кишварро тарк карда ва дубора вориди кишвар шаванд, ба ин хотир бархе аз тоҷикон қаламрави Русияро дар як сол то чаҳор маротиба тарк карда ва дубора ба онҷо бармегарданд ва русҳо дар ин сурат як муҳоҷирро чаҳор муҳоҷир ба ҳисоб мегиранд.

Бо ин вуҷуд ширкаткунандагони ҷаласаи "ВАО ва Муҳоҷират" таъкид карданд, ки барои дақиқ кардани теъдоди муҳоҷирони тоҷик "ба Ал-Берунии сонӣ ниёз вуҷуд надорад" ва дар сурати хоҳиши мақомоти давлатӣ теъдоди дақиқи муҳоҷиронро метавон бо кумаки руасои ҷамоъатҳо ба даст овард.

Матолиби муртабит