Мулоқоти Убайдуллоев бо сафири ҷадиди Русия дар Тоҷикистон

Шаҳрдори Душанбе ва раиси маҷлиси улёи порлумони Тоҷикистон бо Игор Ляпкин-Фролов, ба муносибати оғози маъмурияти ӯ дар Тоҷикистон ба унвони сафири ҷадиди Русия мулоқоте анҷом додааст.
Бар асоси иттилоъи ёвари раиси маҷлиси улёи порлумони Тоҷикистон, Маҳмадсайид Убайдуллоев рӯзи панҷшанбеи 17 октябр дар мулоқот бо оқои Ляпкин-Фролов изҳори умед кардааст, ки "ҳамкориҳои доманфароху судманди дуҷонибаи Тоҷикистону Русия такони тоза хоҳанд ёфт."
Дар иттилоъияе, ки дар ин бора пахш шуда, омадааст, ки ин мулоқот бо хоҳиши сафири Русия дар Тоҷикистон баргузор мешавад ва дар ин дидор оқои Убайдуллоев таъкид бар он дошта, ки равобит миёни ин ду кишвар аз қарнҳои пеш маншаъ гирифта ва қабл аз ҳама рушди ин ҳамкориҳо ба суди мардумони Тоҷикистону Русия аст.
Дар ин иттилоъия ҳамчунин таъкид шудааст: "Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамкориҳои башардӯстона ва фаъъолияти мустақими шӯъбаҳои донишгоҳҳои Русия барои тарбияти кодрҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистонро нек арзёбӣ кард. Дар робита бо зиёд намудани теъдоди мактабҳо ба забони русӣ ва давраҳои омӯзиши забони русӣ барои шогирдон ва шаҳрвандони алоҳида, ки дар онҳо мутахассисони рус ба таълим машғул бошанд, масъалагузорӣ намуд."
Зарурати анҷоми тадобири бештар барои танзими муҳоҷирати корӣ миёни Тоҷикистону Русия аз мавзӯъоти дигари матруҳа дар мулоқоти оқои Убайдуллоев бо Ляпкин-Фролов, сафири ҷадиди Русия дар Тоҷикистон, будааст.
Гузоришҳои расида аз Русия ҳокист, ки бисёре аз муҳоҷирони кории тоҷик ахиран аз амнияти хеш дар он кишвар нигарон ҳастанд. Бештари муҳоҷирон аз хатари ҳамлаи нажодпарастон баъд аз воқеъаи як ҳафта қабл, яъне қатли як ҷавони рус дар ноҳияи Бирюлови ҳумаи Маскав, бим доштаанд.
Пулиси Русия як шаҳрванди Ҷумҳурии Озарбойҷонро ба занни даст доштан дар ин ҷурм боздошт кардааст. Бо ин ҳол, дар пайи ин воқеъа, нооромиҳое дар ноҳияи Бирюлев рух дода ва хисороти иқтисодии сангине бар ҷо гузошта ва пулис садҳо муҳоҷирро боздошт кардааст.
Тибқи гузоришҳои расмӣ, дар ноҳияи Бирюлев дар ҳаволии Маскав беш аз як ҳазор муҳоҷири тоҷик бо фаъъолиятҳои мухталиф, аз ҷумла тиҷорат, машғул ҳастанд.
Коршиносони умури муҳоҷират дар Тоҷикистон, ихроҷ шудани шуморе аз муҳоҷирони кории тоҷик аз Русияро баъд аз нооромиҳо дар ин минтақаи Русия баъид намедонанд.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузоришҳои расмӣ, беш аз як милюуну 200 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик дар қаламрави Русия ҳастанд. Коршиносон пулҳои интиқолии муҳоҷиронро барои пешрафти иқтисоди Тоҷикистон ва таъмини будҷеи ин кишвар бисёр муҳим медонанд.
