Поёни ваколати Алӣ Асғари Шеърдӯст ба унвони сафири Эрон дар Душанбе

  • 9 Октябр, 2013
Алӣ Асғари Шеърдӯст
Image caption Фарҳангиёни тоҷик ба нақши созандаи оқои Шеърдӯст дар таҳкими равобити фарҳангӣ, адабӣ ва илмӣ миёни Эрону Тоҷикистон таъкид мекунанд

Маҳмадсайид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ва раиси маҷлиси улёи порлумони Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 9 октбяр бо Алӣ Асғари Шеърдӯст ба муносибати ба охир расидани маъмурияти ӯ дар Тоҷикистон ба унвони сафири Эрон мулоқот анҷом дод.

Дар иттилоъияи ёвари раиси маҷлили улё омадааст, ки ин мулоқот бо хоҳиши оқои Шеърдӯст доир шуда ва дар ҷараёни он оқои Убайдуллоев зимни тақдир аз сафири Эрон дар Тоҷикистон ҳамкориҳои миёни ду кишварро дар даврони маъмурияти ӯ "тавсеъаёфта" арзёбӣ кардааст.

Аммо оқои Убайдуллоев гуфтааст: “Маврид ба зикр аст, ки барои ҳамкориҳо дар риштаҳои тиҷорат, саноъат, энержӣ, коркард ва истифодаи сарватҳои табиӣ, арсаи нақлия, кишоварзӣ, нафту гоз, фарҳангу маъориф, тандурустӣ ва ҷаҳонгардӣ имкониятҳои бештар вуҷуд доранд, Пайваста густариш додани онҳо (ин ҳамкориҳо) боиси афзун намудани ҳаҷми (мизони) гардиши (мубодила) тиҷорат ва таҳкими робитаҳо миёни кишварҳоямон хоҳад гашт.”

Алӣ Асғари Шеърдӯст шоъир ва пажӯҳишгари эронӣ аст, ки панҷ сол қабл, яъне дар соли 2008 сафири Эрон дар Тоҷикистон таъйин шуда буд. Фарҳангиёни тоҷик ба нақши созандаи оқои Шеърдӯст дар таҳкими равобити фарҳангӣ, адабӣ ва илмӣ миёни ин ду кишвари ҳамзабон таъкид мекунанд.

Бархе аз фарҳангиёни Тоҷикистон зимни тақдир аз фаъъолиятҳои сафорати Эрон дар Тоҷикистон мегӯянд, ки фаъъолиятҳои оқои Шеърдӯст ба монанди "пуле" будааст, барои муъаррифии осори аҳли адабу фарҳанги тоҷик дар Эрон ва хориҷ аз он.

Зеро бисёре аз шуъаро ва нависандагони тоҷик бо мусоъидати оқои Шеърдӯст тавонистаанд осори худро бо ҳуруфи форсӣ ва сирилик дар Эрон мунташир кунанд. Дар ҳоле, ки ваколати Алӣ Асғари Шеърдӯст ба унвони сафир дар Тоҷикистон ба охир расидааст, ҳанӯз ҳуввияти сафири ҷадиди Эрон дар Душанбе расман эълом нашудааст.

Матолиби муртабит