Даъвати Раҳмон аз Рӯҳонӣ ба ҳамоиши об дар Душанбе

Хабаргузории 'Меҳр' гузориш кардааст, ки Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон дар ҷараёни сафараш ба Эрон бо намояндаи Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури мунтахаби ин кишвар дидор кардааст.
Дар ин мулоқот, ки шоми чоршанбе анҷом гирифт, оқои Зарифӣ интихоботи ахир дар Эронро шаффоф ва муваффақ хонд ва гуфт, ки “ин интихобот натанҳо боиси шодии мардуми Эрон, балки муҷиби хурсандии кишварҳои дӯсти Эрон шуд.”
Зимни гуфтугӯ дар бораи равобити миёни ду кишвар оқои Зарифӣ ибрози умедворӣ карда, ки равобити Теҳрону Душанбе беш аз пеш тавсеъа хоҳад ёфт.
Вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишварашро унвонии Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури мунтахаби Эрон барои ширкат дар иҷлоси байналмилалии об, ки дар моҳи августи соли ҷорӣ баргузор мешавад, таслим кард.
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон дар ҷараёни сафараш ба Эрон ҳамчунин Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳур ва Алӣ Акбари Солеҳӣ, ҳамтои эрониаш ва устондори Хуросон-Резавӣ мулоқотҳо анҷом дод.
Оқои Аҳмадинажод дар ҷараёни ин мулоқот равобити Эрон бо Тоҷикистонро "истисноӣ" хонд ва гуфт: "Сарнавишти Эрон ва Тоҷикистон якӣ аст, бинобар ин пешрафти Эрон, пешрафти Тоҷикистон низ ҳаст."
Ба иттилоъи вебсойти вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқоти оқои Зарифӣ бо Алӣ Акбари Солеҳӣ, вузарои хориҷаи ду кишвар санади ҳамкориҳо миёни вазоратхонаҳои хориҷаи ду кишвар имзо шуд.
Гуфта шуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон 200 ширкати эронӣ фаъъолият мекунанд ва оқои Солеҳӣ Тоҷикистонро шарики ҳамкориҳо ва дӯсту бародар унвон кард.
Вузарои хориҷаи ду кишвар ҳамчунин дар бораи ҷараёни иҷрои тарҳҳои Эрон дар Тоҷикистон ва тасреъи раванди тарҳи Сангтуда-2 дар Тоҷикистон табодули назар карданд.
Сафари дурӯзаи Ҳамрохон Зарифӣ ба Эрон рӯзҳои 26 ва 27-уми июн анҷом ёфт.
