Ҷилавгирӣ аз вуруди хабарнигорони Би-би-сӣ ба ҳавзаи раъйгирӣ дар Душанбе

  • 14 Июн, 2013
Сафорати Эрон
Image caption Як ҳавзаи интихоботии раёсати ҷумҳурии Эрон дар бинои сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон воқеъ аст

Масъулони сафорати Эрон дар Душанбе ба хабарнигорони маҳаллии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон иҷозаи вуруд ба ҳавзаи раъйгирии интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар шаҳри Душанберо, ки дар сохтмони ин сафорат аст, надоданд.

Як корманди масъули ин сафорат, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, гуфт, бар асоси дастури Теҳрон хабарнигорони расонаҳои Бритониё ва Омрико ҳаққи вуруд ба ҳавзаҳои раъйгириро надоранд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилоъи манобеъи Сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе, аз субҳи рӯзи ҷумъаи 14 июн, дарҳои ду ҳавзаи интихоботӣ дар бинои Сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе ва нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” дар 120 килуметрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ба рӯйи раъйдиҳандагони эронӣ боз шудааст.

Ин манобеъ гуфтанд, ҳудуди 5 ҳазор тан аз атбоъи эронӣ дар Тоҷикистон ба сар бурда, аммо мушаххас нест, ки чи теъдоде аз онҳо ба синни раъйдиҳӣ расидаанд.

Зеро теъдоди зиёде аз ҷавонони донишҷӯёи Эрон дар донишгоҳҳои Тоҷикистон омӯзиш мегиранд, ки мумкин аст ба далели поин будани синн аз ҳаққи раъйдиҳӣ бархурдор набошанд.

Муҳандисону коргарон, донишҷӯён, тоҷирон, пизишкон, масъулони бахшҳои омӯзишу парвариш ва фарҳанги эронӣ, ки феълан дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, ба сари сандуқҳои раъй хоҳанд рафт.

Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон 6 номзад, Ҳасан Рӯҳонӣ, Алиакбари Вилоятӣ, Муҳаммадбоқир Қолибоф, Мӯҳсин Ризоӣ, Саид Ҷалилӣ ва Муҳаммад Ғаразӣ сабқат мекунанд.

Тоҷикистон бо Эрон равобити ҳасана дошта ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар Эронро “шарики боэътимоди истротежик” хондааст.

Тунели “Истиқлол” ва нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” аз бузургтарин тарҳҳои Эрон дар Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 150 ширкати эронӣ фаъолият мекунанд.

Ҳамчунин, Эрон дар садад аст бо сармояи 300 милюн дулор дар навоҳии Данғара ва Қубодиён, дар ҷануби Тоҷикистон ду корхонаи тавлиди симон бунёд кунад.