Табрики раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба раиси ҷумҳури ҷадиди мунтахаби Эрон

  • 17 Июн, 2013
Ҳасани Руҳонӣ

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли номае пирӯзии Ҳасани Руҳонӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эронро табрик гуфтааст.

Сойти расмии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 17 июн навиштааст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар номаи табрикии худ зимни ёддоварӣ аз собиқаи равобити Эрону Тоҷикистон иброз кардааст, ки ба дурнамои ҳамкориҳои ин ду кишвар низ ба назари нек менигарад.

Дар номаи табрикотӣ ҳамчунин омадааст: "Бо истифода аз ин фурсати муносиб, мехоҳам изҳори итминон намоям, ки муносибатҳои ҳасанае, ки то имрӯз миёни кишварҳои мо ташаккул ёфтаанд, дар замони раёсати Ҷаноби Олӣ (оқои Руҳонӣ) низ рушду густариши тоза пайдо намуда ва дар заминаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мазмуну мундариҷаи ҷадид ғанӣ хоҳанд гашт."

Оқои Раҳмон гуфтааст, ки Тоҷикистон дар навбати худ равобит бо Эронро, яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии хеш медонад ва барои тавсеъаи ин ҳамкориҳо талош мекунад.

Ин дар ҳолест, ки раҳбарони аҳзоби мухолифи Тоҷикистон низ мегӯянд, ки ба ҳамкориҳои ояндаи судманд миёни Тоҷикистон ва Эрон хушбин ҳастанд.

Image caption Оқои Кабирӣ мегӯяд, ки кишварҳои ғарбӣ набояд интизороти зиёдеро аз оқои Руҳонӣ дар қиболи тағйири сиёсатҳои кишвараш дошта бошанд

Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби куммунисти Тоҷикистон мегӯяд, муносиботи миёни ин ду кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанг таърихи ҳазорсола дорад ва ба тағйир ёфтани раҳбарони он бастагӣ надоштааст.

Оқои Шабдолов афзуд: “Ягон давлати форсизабон дар миёни кишварҳои мутақили ҳамсуд Тоҷикистон аст ва Эрон, ки аз лиҳози фарҳангӣ ва таърихи бо Тоҷикистон муштаракоти зиёде дорад ҳеҷ гоҳ муносибаташро бо кишварамон тағйир нахоҳад дод ва ин равобит ҳамчунин мусбӣ боқӣ хоҳад монд.”

Аммо оқои Шабдолов бо ишора ба тафовут дар системи давлатдорӣ дар Тоҷикистону Эрон афзуд: “лекин албатта Тоҷикистон давлати дунявӣ ҳаст ва Эрон давлати исломӣ ва ин фарқияти бисёр ҷиддии сиёсӣ миёни ин ду кишвар аст. Аз ин лиҳоз давлати Эрон бояд сохти дунявии Тоҷикистонро эътироф кунад ва Тоҷикистон сохти мавҷуда дар Эронро бояд эътироф кунад ва он гоҳ муносиботи ин ду кишвар устувортар хоҳад шуд.”

Раҳбари ҳизби куммунисти Тоҷикистон зимни арзёбии наҳваи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон онро демукротик хонд.

Image caption Оқои Шабдолов гуфт, ки муносиботи миёни ин ду кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанг таърихи ҳазорсола дорад

Аз сӯйи дигар Сайфулло Сафаров, коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон аз ақидаи оқои Шабдолов дар мавриди дар фазои демукросӣ доир шудани интихобот дар Эрон ҷонибдорӣ кард. Зеро вай афзуд, ки панҷоҳ дарсади раъйдиҳандагон ба як номзад раъй доданд ва ӯ муътақид аст, ки Ҳасани Руҳонӣ метавонад Эронро аз бунбасте, ки чанд сол қарор дорад, берун барорад.

Оқои Сафаров мегӯяд, ки оқои Руҳонӣ метавонад муносибати Эронро бо кишварҳои Ғарб низ беҳбуд бахшад.

Вай зимни арзёбии муносибати Тоҷикистону Эрон мегӯяд, ки барои Эрон як пойгоҳи қавиии фарҳангӣ ва сиёсӣ дар минтақаи Оиёи Марказӣ зарур буда ва вай мегӯяд, ки Тоҷикистон метавонад чунин нақшро барои Эрон дар минтақа иҷро кунад.

Оқои Сафаров ҳамчунин зимни шарҳи ҳамкориҳои иқтисодии миёни Тоҷикистон ибрози ризоият кард. Вай афзуд: "Агар роҳи қатори Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон бунёд ёбад, имкони пайвастани ин роҳ ба роҳи оҳавни кишвари Эрон вуҷуд дорад ва дар он замон Тоҷикистон ба ҷуз аз Узбакистон метавонад колои мавҷуда дар кишварро ба осонӣ бо ин роҳ ба кишварҳои дигари минтақа интиҳол диҳанд."

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ ба ин назар аст, ки раиси тозаинтихоби Эрон муносиботи кишварашро бо кишварҳои ғарб беҳбуд хоҳад дод.

Аммо вай афзуд, ки Ҳасани Руҳонӣ ин муносиботро бо дарназардошти манфиъатҳои мардуми кишвараш ва судмандии молии Эрон ҳалл ҳоҳад кард.

Оқои Кабирӣ гуфт: "На Омрико ва на Эрон аз ҷумлаи кишварҳое нестанд, ки як нафар тасмимгиранда бошад ва бо омадан ё рафтани як шахс дар қудрат сиёсатҳо ба таври куллӣ иваз шавад. Ҳатто Борок Убамо натавонист аз сиёсатҳои кулии Омрико бигзарад ва натвонист ваъдаи худро барои бастани Гуантоному иҷро кунад. Ва табиист, ки Эрон низ манфиатҳои худро дорад, сиёсатҳои куллии худро дорад. Ва ҳеҷ гоҳ оқои Руҳонӣ наметавонад ҷудо аз сиёсатҳои Эрон бошад."

Вай мегӯяд, ки кишварҳои ғарбӣ набояд интизороти зиёдеро аз оқои Руҳонӣ дар қиболи тағйироти куллӣ дар сиёсати хориҷии Эрон ва бавижа дар барномаҳои ҳастаии он кишвар дошта бошанд.

Ӯ мегӯяд: "Ҳар чӣ ки мардуми Эрон бихоҳад ва ҳарчӣ ки манфиъатҳои Эрон бихоҳад, ҳамунро оқои Руҳонӣ, албатта бо шеваи худ ва ворид кардани баъзе аз тобишҳо амалӣ мекунад."

Оқои Кабирӣ ҳамчунин ба ҳамкориҳои ояндаи Тоҷикистону Эрон изҳори хушбинӣ кард ва афзуд, ки ин ҳамкориҳо ба монанди солҳои қаблӣ боқӣ хоҳад монд.

Давлати секулори Тоҷикистон ва давлати Эрон, ки бисёриҳо онро як давлати теукротҳо медонанд, бо вуҷуди тафовут дар сохтори сиёсӣ ҳамкориҳои густардаи иқтисодиро байни ду кишвар барқарор кардаанд, то ҳадде ки Эрон дар радифи савум аз лиҳози ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Тоҷикистон қарор гирифтааст. Ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар ба хусус дар замони раёсати ҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон тақвияти бештаре ёфтааст.

Эрон сармоягузори нерӯгоҳи Сангтуда 2 ва тунели Истиқлол дар Тоҷикистон аст, ки ҳар ду аз таъсисоти дорои аҳамияти истротежик дониста мешаванд.

Матолиби муртабит