Вазъи таҳримҳои ҷадиди Омрико бар пули Эрон

  • 4 Июн, 2013
Эрон
Image caption Дар таҳримҳои ҷадиди Омрико санъати худравсозии Эрон ҳадаф қарор гирифтааст

Кохи Сафед дар баёнияе эълом кардааст, ки бар асоси фармони Борок Убомо, раиси ҷумҳурӣ, дар рӯзи гузашта таҳримҳои ҷадиде бар пули роиҷ ва санъати худравсозии Эрон вазъ шудааст.

Муассисоти миллӣ, ки хариду фурӯши риёлро тасҳил мебахшанд ва ё дар ҳисобҳои худ мақодири болои риёл доранд, шомили таҳримҳои ҷадид хоҳанд шуд.

Дар ин баёния омадааст: "Дар пайи таҳримҳои ҷомеъи мо риёли Эрон аз оғози соли 2012 ниме аз арзиши худро аз даст додааст, аммо ин нахустин бор аст, ки истифода аз пули Эрон барои тиҷорат ба сурати мустақим мавриди таҳрим қарор мегирад."

Ҳамчунин, дар идома омада, ки ин таҳримҳо дар ростои коҳиши яке аз муҳимтарин манобеъи даромади Эрон, мубодилоти коло ва ироъаи хадамот дар заминаи санъати худрав ва худравсозиро ба ин кишвар монеъ мекунад.

Тибқи таҳримҳои ҷадид, "фурӯш, таҳия ва ирсоли коло ва хадамоти марбут ба санъати худравсозӣ ва ё савор кардани қитъаоти худрав дар Эрон шомили таҳримҳо хоҳад шуд."

Худравҳои саворӣ, комюн, утубус, минибус, мутурсиклит ва ҳамчунин, ироъаи қитъаоти аслии ин худравҳо пас аз фурӯш хилофи қавонини таҳримҳои Омрико хоҳад буд.

Гуфта шуда, ин таҳримҳо дар идомаи мавориди қаблӣ, ки санъати киштии Эронро ҳадаф қарор дода буд, вазъ шудааст.

Илова бар ин, бар асоси фармони Борок Убомо ҳар гуна кумаки моддӣ ба эрониёне, ки дар листи таҳримҳои Омрико қарор доранд низ, хилофи қавонини таҳримҳои Омрико хоҳад буд.

Бар асоси гузоришҳо, Ҷей Корнӣ, сухангӯи Кохи Сафед, дар пайи эъломи таҳримҳо гуфт: "Ҳамзамон, ки мо фишорҳоро бар давлати Эрон афзоиш медиҳем, дарҳоро низ барои расидан ба як роҳи ҳалли диплумотик ва бозгашти ин кишвар ба ҷомеъаи байналмилалӣ дар сурати амал ба вазоифаш боз нигоҳ доштаем. Эрон бояд бидонад, ки замон номаҳдуд нест."

Ин дар ҳолест, ки рӯзи шанбе, 1 июн, Вазорати хазонадории Омрико 8 ширкати петрушимиро, ки ба гуфтаи он ба нақзи таҳримҳо кумак кардаанд, таҳрим кард.

Ба гуфтаи хазонадории Омрико, ин ширкатҳо"“ё дар моликият ва ё дар ихтиёри давлати Эрон ҳастанд."

Чанд фард ва ширкати ҳавоии дигар низ, ки ба даст доштан дар барномаи ҳастаии Эрон мутаҳҳам шудаанд, дар листи таҳримҳои рӯзи шанбеи Омрико буданд.

Омрико ахиран талош кардааст, бо вазъи таҳримҳои мутаъаддид Эронро аз таъқиби барномаи ҳастаии худ мунсариф кунад.

Эрон мегӯяд, барномаи ҳастиаш сулҳомез буда ва аҳдофи пизишкӣ ва тавлиди энержӣ дорад.

Матолиби муртабит