Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва Машоӣ радди салоҳият шуданд

Вазорати кишвари Эрон асомии номзадҳои таъйиди салоҳиятшудаи интихоботи раёсати ҷумҳуриро эълом кард.
Номи Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва Исфандиёри Раҳим Машоӣ дар ҷамъи таъйиди салоҳиятшудагон нест.
Саъид Ҷалилӣ, Ғуломалии Ҳаддоди Одил, Муҳсини Ризоӣ, Ҳасани Руҳонӣ, Муҳаммадризои Ориф, Муҳаммадбоқири Қолибоф, Муҳаммад Ғаразӣ ва Алиакбари Вилоятӣ номзадҳои тиъйиди салоҳиятшуда ҳастанд.
Номзадҳои саршиноси дигаре, ки таъйиди салоҳият нашудаанд иборатанд аз Алии Фаллоҳӣ, Алиризои Зоконӣ, Манучеҳри Муттакӣ, Қосими Шуъласаъдӣ, Акбари Аъламӣ, Иброҳими Асғарзода, Мустафои Кавокибӣ, Парвизи Козимӣ.
Аббосалии Кадхудоӣ, сухангӯи Шурои нигаҳбон ба хабаргузории Меҳр дарбораи чигунагии эътирози номзадҳо ба радди салоҳияти худ гуфта: "Дар қонуни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ монанди интихоботи маҷлиси шурои исломӣ барои эътироз ба роъйи Шурои нигаҳбон ҳеч қонуне пешбинӣ нашудааст."
Ин дар ҳоле аст ки дар гузашта ва дар нуҳумини давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон ду тан аз ради салоҳиятшудагон ба дархости раиси вақти маҷлис ва бо дастури раҳбари Эрон таъйиди салоҳият шуданд.
Наздикони оқои Ҳошимии Рафсанҷонӣ ахиран гуфта буданд, ки ӯ дар сурати рад шудани салоҳияташ, аз раҳбари Эрон дархости мудохила нахоҳад кард.
Оқои Раҳими Машоӣ ҳам гуфта буд, ки агар Шурои нигаҳбон салоҳияти ӯро барои ҳузур дар рақобатҳои интихоботӣ таъйид накунад, ин мавзӯъро аз масири қонунӣ пайгирӣ хоҳад кард.
Ӯ гуфта буд: "Мамлакате, ки валии фақеҳ дорад, зулмро барнаметобад ва мо аз ин масир ҳақамонро хоҳем гирифт."
Шурои нигаҳбон маъмулан далели ради салоҳияти номзадҳоро аланан эълом намекунад, аммо онро ба худи номзадҳо итилоъ медиҳад.
Сухангӯи Шурои нигаҳбон ахиран гуфта буд, ки салоҳияти касе ки ба далели синни боло наметавонад беш аз рӯзе чанд соъат кор кунад, таъйид нахоҳад шуд.
Аҳмади Ҷаннатӣ, дабири Шурои нигаҳбон ҳам дар намози ҷумъаи ҳафтаи қабли Теҳрон гуфт, ки раиси ҷумҳур набояд бензсавор (мерседессавор) бошад.
Ин суханон ишораи талвеҳӣ ба эҳтимоли радди салоҳияти Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси маҷмаъи ташхиси маслиҳати Эрон талаққӣ шуда буд.
Исфандиёр Раҳими Машоӣ, ҳампаймони Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон ҳам аз нигоҳи усулгароён "лидери ҷараёни инҳирофӣ" шинохта мешавад.
