'Бидуни мувофиқати раҳбарӣ омаданам натиҷаи маъкус хоҳад дошт'

  • 6 Май, 2013
Image caption Оқои Рафсанҷонӣ вуруди худ ба интихоботро рад накарда ва онро машрут ба мувофиқати раҳбари Эрон донистааст

Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом, дар суханоне дар ҷамъи донишҷӯёни донишгоҳҳои Теҳрон дар Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом вуруди худ ба рақобатҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии ояндаро машрут ба мувофиқати Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ, раҳбари Эрон, донист.

Ба гузориши хабаргузории "Меҳр", оқои Рафсанҷонӣ худро ҳамчунон дар ҳоли арзёбии шароит барои вуруд ба интихобот дониста ва гуфтааст, ки дар ин хусус бояд бо раҳбари Эрон суҳбат кунад.

Вай дар ин замина гуфт: "Ман бидуни мувофиқати эшон (Оятуллоҳ Хоминаӣ) вуруди арса нахоҳам шуд ,чун агар эшон мувофиқ набошанд, натиҷае, ки ба бор меояд, маъкус (воруна) хоҳад буд."

Раиси ташхиси маслиҳати низом дар идома гуфт: "Ман пеш аз ин низ дар ҳоли арзёбии шароит будам ва бояд бубинам аслан ниёзе аст, ки вориди арса шавам ё на."

Вай бо ишора ба ин ки "мо намехоҳем даъво кунем", гуфт: "Агар бихоҳад шароите ба вуҷуд биояд, ки байни ману раҳбарӣ ҳолати низоъ ва ихтилоф ба вуҷуд ояд, ҳамаи мо зарар хоҳем кард."

"Ҳама чизро ҳавола ба як нафар мекунед"

Оқои Рафсанҷонӣ ҳамчунин хитоб ба донишҷӯён гуфт: "Шумо ҳама чизро ҳавола ба як нафар мекунед, ҳол он ки агар як нафар фавт кард, чи бояд кард?"

Бино ба гузориши хабаргузории "Меҳр", Ҳошимии Рафсанҷонӣ масъулони аслии низомро "норозӣ аз эҷоди вазъияти хафақон ва баргашт ба авзоъи собиқ" дониста ва гуфтааст: "Ин вазъиятро танҳо ҷараёнҳои мутаҳаҷҷир мехоҳанд, аммо на Қонуни асосӣ ва на инқилобу на масъулони аслии низом чунин вазъиятеро намехоҳанд."

Раиси Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом бо баёни ин ки "дар ин 8 сол ба инқилоб, кишвар, мардум ва таърих зулм шудааст," душманони Эронро мулзам ба ҷанг бо ин кишвар надонистааст, чаро ки ба гуфтаи ӯ "акнун шароите ба вуҷуд омада, ки мо худ ба тарафи инҳитот(нишеб) меравем."

Ахиран баҳсҳои зиёде дар бораи эҳтимоли номзадии Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар интихоботи ояндаи Эрон матраҳ шудааст.

Ҳайдар Муслиҳӣ, вазири иттилоъоти Эрон, рӯзи панҷшанбеи 2 май оқои Рафсанҷониро муттаҳам кард, ки дар воқеъаҳои баъд аз интихоботи соли 1388 (чаҳор соли пеш) даст доштааст.

Вазири иттилоъоти Эрон ӯро "пешгӯйи ҳаводиси 88" хонда ва гуфта буд, ки вай "худ дар фитна даст доштааст."

Теъдоде аз намояндагони маҷлиси Эрон ба ин суханон эътироз карданд.

Муҳаммад Хоминаӣ, бародари раҳбари Эрон, низ рӯзи шанбе (4 май) Ҳошимии Рафсанҷониро беҳтарин фард барои тавтеъаи Омрико алайҳи низоми Ҷумҳурии Исломӣ донист.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон рӯзи 24 хурдод\14 июн баргузор хоҳад шуд.

Матолиби муртабит