Баргузории нишасти "Шӯрои миллии Эрон" дар Порис

Гурӯҳе аз эронёни хостори сарнагунии низоми сиёсии ҳоким, ки дар чаҳорчӯби маҷмаъи муассисони "Шӯрои миллии Эрон" гирдиҳам омада буданд, ба нишасти дурӯзаи худ поён доданд.
Ҳадафи баргузории ин нишаст, ки дар рӯзҳои 27-28 апрел дар Порис баргузор шуд, ташикили муқаддамоти шаклгирии аркони Шӯрои миллӣ аст.
Дар нишасти Шӯрои миллии Эрон 500 нафар дар интихоботи интернетӣ, ки дар он раъйи 20 ҳазор нафар шумурда шуд, асоснома ва маншури ин шӯроро ба тасвиб расонданд.
Поягузорони ин шӯро, ки аз ҳимояти Ризо Паҳлавӣ, фарзанди шоҳи собиқи Эрон, бархӯрдоранд, ҳадаф аз ташкили онро эҷоди "бадиле демукротик" дар муқобили низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тариқи интихоботи мутобиқ бо меъёрҳои байналмилалӣ тавсиф кардаанд.
Оқои Паҳлавӣ дар суханронии худ дар нишасти Шӯрои миллии Эрон изҳор дошт, ки "вақте имкони баргузории интихоботи озод дар Эрон фароҳам шавад, вазифаи ин шӯро ба поён хоҳад расид."
Фарзанди Муҳаммадризошоҳ Паҳлавӣ ба Би-би-сии форсӣ гуфт, ки дар шароити феълӣ мудофеъи ташкили навъи хоссе аз ҳукумат, подшоҳӣ ё ҷумҳурӣ, нест ва шакли ҳукумати оянда баъд аз сарнагунии ҳукумати Эрон аз тариқи раъйгирӣ мушаххас хоҳад шуд.
Ризо Паҳлавӣ дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ афзуд, ки Шӯрои миллии Эрон имкони гуфтугӯйи мустақими ҷомеъаи байналмилалӣ бо "нерӯҳои маъруфи як олтернотиви секулор" барои Ҷумҳурии Исломии Эронро фароҳам хоҳад овард.
Вай бо таъкид бар ин ки Шӯрои миллӣ, ки ба дунболи эҷоди ҳукумате демукротик ва секулор дар Эрон аст, пешбинӣ кард, ки ин шӯро аз дохили ҳукумат мавриди пуштибонии мардум қарор бигирад.
