"Мамониъати Бритониё" аз пардохти бидеҳии ширкати Шел ба Эрон бо ғазо ва дору

Хабаргузории Руйтерз аз қавли манобеъи худ мегуяд, ки давлати Бритониё иҷоза надодааст ширкати нафтии Шел бидеҳии худ ба давлати Эронро аз тариқи ирсоли ғазо ва дору тасвия кунад.
Ҳафтаи гузашта Рустами Қосимӣ, вазири нафти Эрон аз дастёбӣ ба тавофуқе бо ширкати Шел барои пардохти бидеҳиҳои ин ширкат хабар дода буд.
Руйтерз аз қавли як манбаъи наздик ба Шел нақл кардааст : "Сиёсат меояд ва меравад, аммо Шел ва саҳомдорон бояд бидеҳии худро бипардозанд то робитаро бо як тавлидкунандаи умдаи нафте чун Эрон ҳифз кунанд."
Шел то замоне ки имкони муъомила бо Эрон вуҷуд дошт ва пеш аз сар расидани мавъиди таҳримҳои якҷонибаи Иттиҳодияи Урупо алайҳи бахши нафт ва гоз ва системи бонкии Эрон харидори нафти ин кишвар буд ва аз бобати хариди соли 2012 худ ба он 2,3 милёрд дулор бидеҳкор аст.
Вазорати дороии Бритониё то кунун тавзеҳе дар ин замина ироа накардааст. Ҳамчунин Шел дар тамос бо Би-би-сии форсӣ ин хабарро таъйид ё такзиб накард ва бидуни ироаи ҷузъиёт эълом кард, ки ин ширкат дар чорчӯби таҳримҳои байналмилалӣ фаъолият мекунад.
Эрон аз соли гузашта бо мушкилоти бисёре барои фурӯши нафт ва ҳамчунин интиқоли даромади ҳосил аз фурӯши он рӯбарӯ будааст. Баровард мешавад, ки Эрон даҳҳо милёрд дулор захираи арзӣ дорад, ҳарчанд бо эъмоли таҳримҳои бонкӣ ба онҳо дастрасӣ надорад.
Таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Урупо шомили ақломи ғазоӣ ва доруӣ намешавад. Бо ин ҳол воридоти ин ақлом бо таваҷҷуҳ ба адами дастрасӣ ба низоми бонкии ҷаҳонӣ барои Эрон мумкин нест.
