Бритониё: Таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон эъмол накунед

Уилём Ҳейг, вазири хориҷаи Бритониё гуфтааст Иттиҳодияи Урупо ба ҷойи эъмоли таҳримҳои тоза алайҳи Эрон, бояд бар наҳваи иҷрои таҳримҳои ҷорӣ тамаркуз кунад.
Эрон дар пайи таҳримҳои байналмилалӣ дар фурӯши нафт ва интиқоли даромадҳои ҳосил аз он бо мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ шудааст.
Оқои Ҳейг ин суханонро дар ҳоле баён карда, ки чанде пеш Ҷон Керрӣ , вазири хориҷаи Омрико аз намояндагони кунгреи ин кишвар, ки хостори эъмоли таҳримҳои шадидтаре алайҳи Эрон шуда буданд, хост дар ин бора шикебо бошанд.
Вазири хориҷаи Бритониё зимни ишора ба фишорҳои ворида ба иқтисоди Эрон, ки ношӣ аз эъмоли таҳримҳо аз сӯикишварҳои урупоӣ аст, гуфт, ки барои таъсиргузории бештари ин таҳримҳо бояд мунтазир монд.
Оқои Ҳейг, ки дар остонаи нишасти вузарои хориҷаи Иттиҳодияи Урупо дар Лугзомбург суҳбат мекард, афзуд: "Мо бояд ба ҷоии ироаи таҳримҳои ҷадид, ба фишори ношӣ аз таҳримҳои феълӣ идома диҳем. "
Ғарб, ки нигарони дастёбии Эрон ба таслиҳоти ҳастаӣ аст, ибрози умедворӣ карда, ки фишори ношӣ аз таҳримҳои аъмолшуда алайҳи Эрон, ин кишварро ба таваққуфи фаъолиятҳои ҳастаиаш тарғиб кунад.
Эрон ҳамвора бар сулҳомез будани фаъолиятҳоии ҳастаии худ таъкид кардааст.
