Ҳасани Руҳонӣ барои номзадӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон эъломи омодагӣ кард

  • 11 Апрел, 2013
Ҳасани Руҳонӣ
Image caption Оқои Руҳонӣ гуфта давлати оянда бояд машйи миёнарав ва эътидолӣ дошта бошад

Ҳасани Руҳонӣ, намояндаи раҳбари Эрон дар Шурои олии амнияти миллӣ, узви Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом ва музокиракунандаи аршади пешини Эрон парвандаи ҳастаӣ имрӯз 22 фарвардин (11 апрел) барои номзадӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии пеширӯ эъломи омодагӣ кардааст.

Оқои Руҳонӣ, ки дар ҷамъи ҳаводоронаш сухан мегуфт, зимни интиқод аз амалкарди давлати кунунӣ гуфтааст барои рафъи мушкилоти ҷорӣ бояд раиси ҷумҳуре бар сари кор биёяд, ки "миллӣ биандешад, на ҳизбӣ. Муътадил бошад, коромад бошад, баёналмилалшинос бошад, масъулиятпазир ва посухгӯ бошад."

Ӯ гуфтааст: "Рӯзгор рӯзгори фидокорӣ аст. Биёед обрӯҳоро ҳазина кунем."

Дар суханронии эъломи номзадии Ҳасани Руҳонӣ бархе аз вузаро ва масъулони собиқи давлатӣ чун Алӣ Бнусӣ, Акбар Туркон, Фотима Ҳошимӣ, Муҳаммадабоқир Навбахт ва Ҳасан Ғафурифард ҳузур доштанд.

Image caption Ҳасани Руҳонӣ аз чеҳраҳои наздик ба Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ аст

Ҳасани Руҳонӣ узви ҷомеъаи руҳонияти мубориз аз ташаккулҳои руҳониёни муҳофизакор дар Эрон ва аз чеҳраҳои наздик ба Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом аст.

Сарпарастии музокироти ҳастаии Эрон муҳимтарин масъулияти оқои руҳонӣ ба шумор меравад.

Бархе аз ҳаводорони оятуллоҳ Алии Хоменаӣ муътақиданд, ки мавзеъи Эрон дар музокироти давраи оқои Руҳонӣ ба андозаи лозим маҳкам набудааст.

Ӯ дар гуфтугӯе, ки имрӯз бо вебсойти хабаронлойн дошт, аз шеваи худ дар пеш бурдани музокирот дифоъ карда ва гуфтааст: "Аввлин дастоварди мо ин буд, ки кишварро аз ҷанг дур кардем."

Оқои Руҳонӣ дар ин мусоҳиба ҳамчунин мавозеъи худро ба Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва Алӣ Акбар Нотиқи Нурӣ, раиси пешини маҷлиси Эрон наздик донистааст.

Ҳасани Руҳонӣ дар бораи эҳтимоли номзадии Муҳаммад Хотамӣ ва Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ гуфтааст, ки баъид медонад онҳо эъломи номзадӣ кунанд.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон 24 хурдодмоҳ (14 июн) анҷом мешавад.

Матолиби муртабит