Номнависии номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон оғоз шуд

Сабти номи номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон оғоз шудааст ва чанд тан аз довталабони номзадӣ дар ин интихобот сабти ном кардаанд.
Рӯзи сешанбеи 7 май\18 урдубиҳишт, тайи маросиме, ки бо ҳузури хабарнигорон дар вазорати кишвари Эрон баргузор шуд, Мустафо Муҳаммаднаҷор, вазири кишвар, аз тариқи видиюкунфронс дастури оғози сабти ном аз довталабони номзадӣ дар интихоботи ёздаҳумин давраи раёсати ҷумҳурии Эронро содир кард.
Сабти ном аз соъати 8-и бомдоди сешанбе оғоз шуда, ба муддати панҷ рӯз ва то 13 май\21 урдубиҳишт соъати 8 то 18 дар маҳалли вазорати кишвар идома хоҳад дошт ва вазири кишвар аз довталабон хост, то бо муроҷиъаи тадриҷӣ сабти номро ба рӯзу соъати охир нагузоранд.
Вазири кишвар ёдовар шуд, ки аз рӯзи 22 урдубиҳишт\14 май, марҳилаи баррасии салоҳияти номзадҳо тавассути Шӯрои нигаҳбон оғоз мешавад ва пас аз интишори асомии касоне, ки тавассути ин Шӯро таъйид шудаанд, марҳилаи таблиғоти интихоботӣ оғоз хоҳад шуд.
Вазири кишвар аз номзадҳо ва ҳаводорони онон хост, то аз иқдомоте, ки мумкин аст ба "таблиғоти зудрас" таъбир шавад, худдорӣ варзанд ва тавсия кард, то ба қонун мултазим ва дар баробари он таслим бошанд".
Оқои Муҳаммаднаҷор ҳамчунин аз номзадҳо ва ҳаводорони онон хост "аз тахриби якдигар худдорӣ кунанд."
Дар ҳамин маросим устондорон ва соири кормандони муртабит бо баргузории интихобот дар нуқоти мухталифи Эрон дар иртиботи зиндаи видиюӣ бо вазорати кишвар зимни гузориш иқдомоте, ки сурат додаанд, барои баргузории интихобот эъломи омодагӣ карданд.
Ҳамзамон ситоди интихоботи кишвар ҳам бо интишори иттилоъияи шумораи 9 шароити сабтиномшавандагонро эълом кардааст.
Ба гузориши телевизиюни Эрон, ин иттилоъия ёдовар шудааст, ки тибқи асли 115-и Қонуни асосии Ҷумҳурии Исломӣ ва модаи 35-и қонуни интихобот довталабони воҷиди шароит бояд аз "риҷоли" мазҳабӣ ва сиёсӣ, эрониуласл, дорои тобеъияти Ҷумҳурии Исломии Эрон, мудир ва мудаббир, дорои ҳусни собиқа ва амонату тақво, муъмину муътақид ба мабонии Ҷумҳурии Исломӣ ва пайрави мазҳаби расмии кишвар (шиъаи дувоздаҳимомӣ) бошанд.
Довталабон метавонанд дар муддати таъйиншуда барои сабти ном шахсан ё аз тариқи муъаррифии намояндаи тамомулихтиёр ҳамроҳ бо асли шиноснома ва мадорики дигар барои дарёфт ва такмили фурми тақозономаи номзадӣ ба вазорати кишвар муроҷиъа кунанд.
Барои сабти номи довталабон 35 корбар таъйин шудааст.
