Ожонси энержии атумӣ мунтазири баргузории интихоботи Эрон аст

  • 3 Июн, 2013
Эрон
Image caption Алӣ Асғар Султония, намояндаи Эрон дар ожонс ва Ҳарман Нокатрис, бозраси аршади ин созмон дар охирин даври гуфтугӯҳо

Интизор меравад, парвандаи ҳастаии Эрон муҳимтарин мавзӯъи нишасти Шӯрои ҳукоми Ожонси байналмилалии энержии атумӣ бошад, ки имрӯз оғоз мешавад. Аммо ба назар мерасад, ожонс то поёни интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон аз судури қатънома дар маҳкумияти Эрон худдорӣ кунад.

Охирин гузориши фаслии созмони энержии атумӣ дар бораи Эрон, ки 11 рӯз пеш мунташир шуд, нишон медод бо вуҷуди қатъномаҳои Шӯрои ҳукоми Ожонси энержии атумӣ ва Шӯрои Амният, ки аз Эрон хостаанд ғанисозии урониюмро мутаваққиф кунад, Эрон барномаи ҳастаии худро тавсеъа додааст.

Созмони энержии атумӣ дар ҷадидтарин гузориши худ гуфт, Эрон дар таъсисоти ғанисозии Натанз 700 сонтрифужи ҷадид аз навъи “Эй Ор-2” насб кардааст. Дар ҳолест, ки дар моҳи феврал теъдоди 180 сонтрифуж дар ин таъсисот вуҷуд доштааст.

Дар ин гузориш ожонс бори дигар аз "эҳтимоли абъоди низомӣ"-и фаъолиятҳои ҳастаии Эрон ибрози нигаронӣ кард.

Бо вуҷуди таҳримҳои эъмолшуда алайҳи Эрон, ин кишвар зарфияти ғанисозии худро афзоиш дода ва метавонад урониюме тавлид кунад, ки барои сохти бомб ҳам муносиб аст.

Гузориши ожонс нишон медиҳад, Эрон дар ҳоли табдили бахши бузурге аз урониюм бо ғализати мутавассит ба сӯхти реоктур аст. Баргардондани ин сӯхт ба ҳолати аввал ҳарчанд ғайримумкин нест, аммо кори душворе аст. Бо ин ҳол, ба гуфтаи коршиносон, суръати ин табдил ба қадре кунд аст, ки монеъи афзоиши захираи урониюми Эрон намешавад.

Илова бар ин, ожонс нигарони таҳқиқоти ҳастаии Эрон пеш аз соли 2003 ҳам ҳаст. Ин таҳқиқот, ки дар Порчин анҷом мешавад, эҳтимолан ҳанӯз ҳам идома дорад. Ожонс эҳтимол медиҳад, ҳадафи ин таҳқиқот тавлиди сӯхти кофӣ барои кулоҳаки ҳастаии мушак бошад.

Дар гузориши ахири созмони энержии атумӣ омада, ки Эрон дар моҳҳои ахир даст ба эҷоди тағйироте дар Порчин задааст.

Аз ҷумлаи тағйирот ба гуфтаи ожонс, осфолткории бахшҳои зиёде аз он аст, ки кори бозрасии дақиқро сахттар мекунад.

Эрон тамомии инҳоро такзиб мекунад ва мегӯяд, барномаи ҳастаиаш барои тавлиди энержӣ ва тавлиди изутупҳое ҳаст, ки корбурди пизишкӣ доранд.

Бо ин ки аз охирин гузориши умдаи ожонс дар бораи Эрон ҳудуди ду сол мегузарад ва дар ин муддат даҳ мулоқот байни Эрон ва ожонс сурат гирифта, ки охирини он 20 рӯз пеш буд, аммо пешрафте дар музокирот ҳосил нашуда ва гузоришҳои ожонс ҳам бештар ба пояи иттилооти хориҷӣ навишта мешавад.

Вандӣ Шарман, намояндаи Омрико дар музокироти "5+1", ки то интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон мутаваққиф аст, ба кумитаи равобити хориҷии Сенои ин кишвар гуфтааст, билохира "дар як замоне" ожонс бояд парвандаи Эронро ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал бифиристад.

Аммо ба назар мерасад, ожонс дар ин ҷаласаи имрӯз тасмиме нагирад. Яке ба илати баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон ва дигар ин ки "5+1" намехоҳад дасти худро феълан рӯ кунад.

Морк Ҳебз, таҳлилгари институи Корнегӣ барои сулҳи байналмилалӣ, ба хабаргузории Фаронса гуфта, "5+1" омода аст то чанд моҳи дигар ин равандро идома диҳад.

.

Матолиби муртабит