Ҳасан Хумайнӣ аз радди салоҳияти Ҳошимии Рафсанҷонӣ интиқод кард

  • 23 Май, 2013
Image caption Ҳасан Хумайнӣ радди салоҳияти Ҳошимии Рафсанҷониро "хабари ғайриқобили бовар" ва ӯро нуқтаи умеди мардум донистааст

Як узви дигари хонаводаи Оятуллоҳ Хумайнӣ радди салоҳияти Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ барои номзадии интихоботи раёсати ҷумҳуриро мавриди интиқод қарор додааст.

Сайид Ҳасан Хумайнӣ, наваи Оятуллоҳ Руҳуллоҳ Хумайнӣ, раҳбари собиқи Ҷумҳурии Исломӣ, дар номае ба Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, тасмими Шӯрои нигаҳбон дар радди салоҳияти ӯ барои номзадии интихоботи раёсати ҷумҳуриро "хабари ғайриқобили бовар" хондааст.

Ин нома дар пайи интишори номаи Заҳро Мустафавӣ, яке аз духтарони Оятуллоҳ Хумайнӣ, ба раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ интишор меёбад, ки хостори тағйири тасмими Шӯрои нигаҳбон дар радди салоҳияти оқои Рафсанҷонӣ шуда буд.

Номаи Ҳасан Хумайнӣ низ монанди номаи хонуми Мустафавӣ дар вебсойти Ҷаморон мунташир шуда, ки маъмулан ахбор ва гузоришҳои марбут ба хонаводаи Оятуллоҳ Хумайнӣ низ дар он интишор меёбад.

Наваи Оятуллоҳ Хумайнӣ дар номаи худ ба оқои Рафсанҷонӣ навиштааст, ки адами эҳрози салоҳияти ӯ "дили ҳамаи алоқамандон ба шумо ва бахши азиме аз дилбастагон ба имоми азимушаън ва дӯстдорони раҳбари муъаззами инқилобро ба дард овард".

Дар ин нома омадааст, ки агарчи собиқаи оқои Рафсанҷонӣ "аз авомили иродати пайравони имом" ба ӯст, аммо ин иродат сирфан ба хотири "алоқаи зоидулвасфи" Оятуллоҳ Хумайнӣ ва савобиқи гузаштаи оқои Рафсанҷонӣ нест, балки "илова бар ҳама ончи гуфта шуд ва ҳамагон медонанд, ҷаноби олиро аз тавонмандиҳое бархӯрдор ёфтам, ки дар камтар касе мушобеҳи онро метавон ёфт."

Оқои Хумайнӣ пас аз шарҳе аз хусусиёти оқои Рафсанҷонӣ гуфтааст, ки аз радди салоҳияти ӯ "чандон ҳам мукаддир" нест ва хушбинии бештаре нисбат ба оянда ёфтааст.

Image caption Ҳасан Хумайнӣ аз "алоқи зоидулвасфи" Оятуллоҳ Хумайнӣ ба Ҳошимии Рафсанҷонӣ сухан гуфтааст

Ҳасан Хумайнӣ, ки тувалияти (сарпарастии) оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайниро бар уҳда дорад, яке аз илали хушҳолии худро "иқболи умумии хориҷ аз тавсиф" нисбат ба оқои Рафсанҷонӣ унвон карда ва бо изҳори ин назар, ки ин иқболи умумӣ, ношӣ аз "иқбол ба имом ва арзишҳои имом аст" афзудааст ки "рӯзҳои гузашта дар миёни зоирони ҳарами Имом, вақте бо иқболи беш аз 90 дарсади мардум нисбат ба шумо мувоҷеҳ шудам, бар худ ларзидам."

Наваи Оятуллоҳ Хумайнӣ аз Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба унвони "муҷаллои омоли як миллат" ва "нуқтаи конуни умеди эшон" ном бурда ва гуфтааст, ки чунин мавқеъияте вазифаи сахтеро бар дӯши оқои Рафсанҷонӣ қарор медиҳад.

Дар поёни ин нома омадааст, ки номи Ҳошимии Рафсанҷонӣ "аз ин пас тавъам бо умед ба фардо, дар ҳофизаи мардуми Эрон нақше барҷаста хоҳад ёфт ва ҳамин аст, ки номи шуморо ҷовидона месозад. Умед, сармояи аслии як миллат аст."

Матолиби муртабит