Аҳмадинажод: Радди салоҳияти Машоиро аз тариқи раҳбарӣ пайгирӣ мекунам

  • 22 Май, 2013
Машоӣ ва Аҳмадинажод
Image caption Машоӣ номзади мавриди ҳимояти Аҳмадинажод дар интихоботи ёздаҳумини давраи раёсати ҷумҳурӣ буд

Раиси ҷумҳурии Эрон гуфтааст дар мавриди ради салоҳияти номзади интихоботии мавриди назари худ ба раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ мутавассил хоҳад шуд ва яке аз духтарони раҳбари собиқи ҷумҳурии исломӣ низ хостори мудохилаи оятуллоҳ Хоменаӣ дар мавриди ради салоҳиятшудаҳо аст.

Рӯзи чаҳоршанбе, 1 хурдод (22 май), пойгоҳи иттилоърасонии Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳур вокуниши ӯ нисбат ба радди салоҳияти Исфандиёр Раҳими Машоӣ, раиси дабирхонаи Ҷунбиши ғайримутааҳҳидҳо ва раиси дафтари собиқи раёсати ҷумҳуриро мунташир кард.

Исфандиёр Раҳими Машоӣ шахси мавриди назари оқои Аҳмадинажод барои номзадии интихоботи ёздаҳумин давраи раёсати ҷумҳурӣ буд, аммо Шурои нигаҳбон салоҳияти ӯро таъйид накардааст. Салоҳияти Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ , раиси пешини маҷлис, раиси ҷумҳури асбақ, раиси собиқи Маҷлиси хибрагон ва раиси Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом низ тавассути Шурои нигаҳбон рад шудааст.

Оқои Аҳмадинажод дар мавриди ради салоҳияти Исфандиёр Раҳими Машоӣ гуфтааст: "Банда Машоиро ба унвони фарде, солеҳ ва муфид барои кишвар медонам ва бо шинохти вижагиҳо ва тавонмандиҳояшон эшонро муъаррифӣ кардам аммо мазлум воқеъ шуд."

Вай гуфта "муътақидам дар кишваре, ки вилояти фақеҳ дорад, ҳақи мазлуми он ҳам дар ин сатҳ поймол нахоҳад шуд ва бо вуҷуди мақоми муъаззами раҳбарӣ мушкиле пеш нахоҳад омад" ва афзуда аст ки "ин мавзуъро аз тариқи мақоми муъаззами раҳбарӣ то лаҳзаи охир таъқиб хоҳам кард ва умедворам мушкил ҳал шавад ва албата мушкиле нахоҳад буд."

Раиси ҷумҳурӣ ҳамчунин гуфтааст ки "аз дӯстон ва алоқамандон ба банда ва Машоӣ ҳам мехоҳам, ки сабур ва мунтазир бошанд, чаро ки бо вуҷуди мақоми муъаззами раҳбарӣ мушкиле дар кишвар ба вуҷуд нахоҳад омад ва ин мушкил ҳал хоҳад шуд."

Image caption Шурои нигаҳбон теъдоде аз сабти номшудагонро ба унвони номзади қобили қабул дар интихобот таъин кард

Пас аз эъломи тасмими Шурои нигаҳбон низ оқои Машоӣ гуфта буд, ки ради салоҳияти худро "зулм" медонад ва дар назар дорад онро аз тариқи раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ пайгирӣ кунад.

Шурои нигаҳбон маъмулан далели ради салоҳиятҳоро эълом намекунад, аммои оқои Машоӣ дар бахше аз давраи раёсати ҷумҳурии оқои Аҳмадинажод ҳадафи интиқоди мунтақидон ва ҳатто ҳомиёни давлат будааст.

Ба хусус аз замони бурузи ихтилофи назари байни оятуллоҳ Хоменаӣ ва оқои Аҳмадинажод бар сари бархе интисобҳои давлатӣ ҳамла ба Исфандиёр Раҳими Машоӣ шиддат гирифт ва мухолифони давлат ӯро раҳбари "ҷараёни инҳирофӣ" ном доданд. Манзур аз ҷараёни инҳирофӣ зоҳиран он гурӯҳ аз афроди наздик ба Маҳмуди Аҳмадинажод аст, ки ба гуфтаи мухолифони давлат, мутеъи раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ нестанд.

Дархости дахолати валии фақеҳ

Оқои Аҳмадинажод пас аз дастёбии муҷаддад ба симати раёсати ҷумҳурӣ дар пайи интихоботи баҳсбарангези соли 1388 (2009) Исфандиёр Раҳими Машоиро ба муъовинати аввали раёсати ҷумҳурӣ мансуб кард, аммо ин интисоб бо мухолифати оятуллоҳ Хоменаӣ мувоҷеҳ шуд ва ба барканории оқои Машоӣ аз ин самт ва интисобаш ба раёсати дафтари раиси ҷумҳур анҷомид.

Бо таваҷҷуҳ ба ин собиқа мушаххас нест ки Маҳмуди Аҳмадинажод ва Исфандиёр Раҳими Машоӣ бар чӣ асос интизор доранд, ки раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ бо вуҷуди мухолифат бо интисоби оқои Машоӣ ҳатто ба муъовинати аввали раиси ҷумҳурӣ вуруди ӯ ба интихоботи раёсати ҷумҳуриро мавриди қабул қарор диҳад ва дар сурати пирӯзӣ дар ин интихобот ҳукми интисоби ӯро танфиз кунад.

Ба гузориши хабаргузории давлатии Эрон - ИРНО - оқои Аҳмадинажод дар посух ба саволи ин хабаргузорӣ дар мавриди ин ки бо таваҷҷуҳ ба феҳристи номзадҳои таъйиди салоҳиятшуда аз суи Шурои нигаҳбон барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ оё ҳамосаи сиёсӣ муҳаққақ хоҳад шуд ё на, танҳо ба як лабханд басанда кард ва посухе.

Image caption Духтари оятуллоҳ Хумайнӣ хостори мудохилаи оятуллоҳ Хоменаӣ дар тасмими Шурои нигаҳбон шудааст

Ҳамзамон хабаргузориҳои дохилии Эрон вокуниши Заҳрои Мустафавӣ, духтари оятуллоҳ Руҳуллоҳ Хумайнӣ, раҳбари собиқи Ҷумҳурии Исломиро ба ради салоҳияти шуморе аз довталабони номзадии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ тавассути Шурои нигаҳбон мунташир кардаанд.

Хонум Мустафавӣ дар ин нома хостори таҷдиди назар дар тасмими Шурои нигаҳбон шуда ва хитоб ба оятуллоҳ Хоменаӣ навишта аст: "Хоҳишманд аст дар ин амри муҳим дахолат фармоед ва нагзоред, ки як ҳаракат ҳамаи талошҳоро хароб кунад."

Хонуми Мустафавӣ суханони оятуллоҳ Хумайниро ёдовар шуда, ки гуфта буд "Вилояти фақеҳ барои он аст ки нагзорад ҳар кас ҳар кореро дилаш меахоҳад бикунад ва вилояти фақеҳ мехоҳад ҷилави диктотуриро бигирад."

Вай дар идомаи номаи худ хитоб ба раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ навишта "Хоҳиш мекунам фалсафаи вуҷудии вилояти мутлақаро як бори дигар айният бахшед " ва афзуда аст, ки "итминон дорад, ки ин дархост забони ҳоли бисёре аз дилсӯзони низом аст, ки нигарони вазъи Эрони исломӣ ҳастанд ва дилашон барои шунидани танини ваҳдат ва ҳамдилӣ дар ин кишвар метапад."

Гузиниши номзадҳо

Рӯзи гузашта вазорати кишвар асомии ҳашт нафарро ба унвони номзадҳо таъйиди салоҳиятшуда аз суи Шурои нигаҳбон эълом кард. Номзадҳои мавриди назари Шурои нигаҳбон иборатанд аз Саъид Ҷалилӣ , Ғуломалии Ҳаддоди Одил, Муҳсини Ризоӣ, Ҳасани Руҳонӣ, Муҳаммадризои Ориф, Муҳаммадбоқири Қолибоф, Муҳаммади Ғаразӣ ва Алиакбари Вилоятӣ.

Шуморе аз мақомот ва афроди саршиноси Ҷумҳурии Исломӣ аз ҷумла беш аз шашсад нафар касоне буданд, ки барои номзадии ин интихобот сабти ном карданд, аммо дар марҳалаи гузиниш тавассути Шурои нигаҳбон салоҳияти онон рад шуд.

Исфандиёр Раҳими Машоӣ ва Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ шинохташудатарин довталабоне буданд, ки Шурои нигаҳбон ононро барои номзадии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ воҷиди салоҳият надонистааст.

Ҳанӯз аз вокуниши оқои Рафсанҷонӣ ба ради салоҳияти худ дар даст нест, аммои рӯзи чаҳоршанбе вебсойти "Роҳи сабз", аз манобеъи мухолифони давлати Эрон дар гузорише ба нақл аз Фотимаи Ҳошимӣ, духтари оқои Рафсанҷонӣ навишт, ки пештар аз падараш хоста шуда буд аз номзадии интихобот инсироф диҳад.

Image caption Дар ҳоле ки оятуллоҳ ‌Хоменаӣ бо муъовинати аввали Машоӣ мухолифат кард, маълум нест бо номзадии ӯ барои раёсати ҷумҳурӣ мувофиқ бошад

Ба навиштаи Ҷарас Фотимаи Рафсанҷонӣ гуфтааст: "Дар ҳақиқат ҳеч далеле ҳам барои ради салоҳияти эшон эълом накардаанд."

Духтари оқои Рафсанҷонӣ гуфтааст: "Субҳ барои эшон пайғом оварданд, ки ҳатман бояд аз кондидатурӣ инсироф диҳанд ва эшон ҳам сароҳатан ҷавоб доданд инсироф нахоҳам дод ва наметавонам ба мардум хиёнат кунам. Мардум ба ман эътимод карданд ва аз ман дархост карданд, ки биёям ва ба хотири онҳо омадам. Онҳо бисёр аз омадани ман хушҳол шуданд, ҳоло читавр аз ман мехоҳанд инсироф диҳам?! Аслан бар чӣ асосе инсироф диҳам? Ман ки наметавонам ба мардум дурӯғ бигӯям."

Бар асоси ин гузориш хонуми Ҳошимӣ баъид дониста, ки падараш хостори таҷдиди назар дар тасмими Шурои нигаҳбон шавад ва афзуда, ки "дар ҳар ҳол мо ҳам хушҳолем, ки оқои Ҳошимӣ бо таваҷҷуҳ ба ин шароит вазифаи худро анҷом доданд."

Ҳанӯз ситоди интихоботии Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ё манобеъи расмии мутааллиқ ба ӯ дар мавриди ин гузориш изҳори назаре накардаанд.

Ҳамзамон хабаргузории ИСНО ба нақл аз Исҳоқи ҷаҳонгирӣ, раиси ситоди интихоботии оқои Рафсанҷонӣ гуфтааст, ки "оқои Ҳошимӣ ва ситоди ӯ ҳеч эътирозе ба тасмими Шурои нигаҳбон нахоҳанд кард."

Бар асоси ин гузориш оқои Ҷаҳонгирӣ дар мавриди эҳтимоли ҳимояти оқои Рафсанҷонӣ аз номзадҳои дигар гуфтааст дар ин замина изҳори назаре намекунад.

Дар хабаре дигар дар мавриди интихобот, Исмоил Аҳмадии Муқаддам, фармондеҳи нерӯи интизомии Ҷумҳурии Исломӣ эълом кардааст "ин нерӯ омодагӣ дорад дар ҷараёни интихобот бо ҳаргуна ҳошия бархурд кунад ва бо мутахаллифон бар асоси қонун рафтор кунад."

Ӯ бо ишора ба эътирозот нисбат ба натиҷаи эъломшудаи интихоботи давраи даҳуми раёсати ҷумҳурӣ гуфтааст "бо таваҷҷуҳ ба омодагии нерӯҳо ва дастгоҳҳои амниятӣ мутмаинан масойили пешомада дар интихоботи 88 такрор нахоҳад шуд."

Матолиби муртабит