Тавсеъаи нонуфановарӣ дар Эрон; Аҳмадинажод меросдори Хотамӣ

Иброҳими Саҳархез, муъовини омӯзиши мутавасситаи вазорати омӯзишу парвариш, аз вуруди илми нону ба китобҳои дарсии мақтаъи мутавассита хабар додааст.
Ба гузориши хабаргузории Эрон, оқои Саҳархез гуфта, ки бо таваҷҷуҳ ба аҳаммияти илми нону дар дунёи мудерни имрӯз донишомӯзон бояд аз мақтаъи мутавассита бо ин илм ошно шаванд ва ба ҳаин далел гуфтугӯҳои муқаддамотӣ барои вуруди ин мабҳас (баҳс) ба китобҳои дарсӣ шурӯъ шудааст.
Ин хабар дар ҳоле мунташир мешавад, ки дар тайи ҳафтаи гузашта севумин мусобиқаи миллии фанноварии нону низ бо ҳузури беш аз се ҳазор ширкаткунанда ба таври ҳамзамон дар Эрон баргузор шуд. Албатта ин мусобиқа барномае тарвиҷӣ аст ва на таҳқиқотӣ.
Дар ҳамин ҳафта нахустин маҷмаъи шабакаи нонуфановарии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар пажӯҳишгоҳи мавод ва энержӣ баргузор шуд. Кишварҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Молезӣ, Покистон, Тунис, Сумолӣ, Фаластин ва Кумур аз ҷумлаи аъзои ин шабака ҳастанд ва пажӯҳишгоҳи маводд ва энержии маҳалли истиқрори шабакаи нонуфановарии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ аст.
Бо ҷустуҷӯйи кӯчаке дар байни хабарҳои илмӣ дар Эрон метавон мутаваҷҷеҳи ҳузури пуршумори хабарҳое, ки ба ҳавзаи улуми нону ё нонуфавноварӣ иртибот доранд, шуд. Вале нону чист ва нонуфановарӣ чӣ аҳаммияте дора ва ҷойгоҳи Эрон дар байни кишварҳои дигар дар ин ҳавза куҷост ва чи иртиботе байни давлат ва як шоха аз имл метавонад вуҷуд дошта бошад?
Нону чист?
Нону ба маънои як милёрдим аст ва абъоди атумҳо ва муликулҳоро бо воҳиди нонуметр, ки як милёрдими як метр аст, андоза мегиранд. Илм ё фановарии нону низ донише аст, ки ба мутолиъа ва дасткории мавод дар сатҳи атумҳо ё муликулҳо мепардозад ва ба он ба ихтисор фақат нону мегӯянд.
Ин дониш роҳе аст барои дастёбӣ ба мавод ва сохторҳои ҷадиде, ки то кунун тасаввури он низ номумкин буд ё танҳо мешуд, дар дунёи хиёлӣ онҳоро ёфт. Маводде, ки дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагии башар асар хоҳад гузошт ва ин ҳамон чизе аст, ки нонуро барои ҳамаи давлатҳо ҷаззоб мекунад.
Нону илмест миёни риштае. Ин яъне илме, ки маҳалли талофии улуми мухталиф бо ҳам аст. Дар нону марзи мушаххасе байни физик, шимӣ ва зистшиносӣ вуҷуд надорад ва дидани як озмоишгоҳи нону дар як маркази таҳқиқотии пизишкӣ, ки физикдоне масъули он аст, ҳамон қадар таюбиъӣ аст, ки дидани пажӯҳишгарони зистшинос дар озмоишгоҳҳои нонуфизик. Аҳаммияти нонуфановарӣ дар ояндаи башарият он қадар зиёд аст, ки иддае аз коршиносон онро дар зиндагии мардум бисёр фаротар аз дигар фановариҳо медонанд.
Нону донише навпо ҳам ҳаст, ки аз умри он беш аз чанд даҳа намегузарад ва ба ҳамин далел ҳанӯз таъорифи дақиқ ва истондорде барои бахшҳои мухталифи он вуҷуд надорад. Аз сӯйи дигар ба далели моҳияти миёни риштае имкони ин ки гурӯҳҳои мухталифи таҳқиқотӣ бо тавоноиҳо ва имконоти мухталиф ба таҳқиқот дар ин замина бипардозанд, дур аз зеҳн ва номумкин нест.
Ин ду омил сабаб шудааст то кунун кишварҳое, ки дар дигар заминаҳои илмӣ ва фановарӣ фосилаи зиёде бо кишварҳои санъатӣ доштанд, ташвиқ шаванд, ки ба ин ҳавза ворид шаванд ва бо ин кишварҳо ба рақобат бипардозанд.
Нонуфановарӣ дар Эрон
Дар солҳои поёнии даҳаи ҳафтод теъдоде аз пажӯҳишгарони эронӣ зарурат ва имкони пайвастани Эрон ба ҷараёни тоза шаклгирифтаи таҳқиқоти нонуфановарӣ дар ҷаҳонро ба иттилоъи Муҳаммад Хотамӣ, раиси ҷумҳури вақт расонданд. Дар ҳамон замон кори гурӯҳии вижа барои мутолиъа ва муъаррифии ин шохаи ҷадид аз илм дар муъовинати илмӣ ва фановарии раёсати ҷумҳурӣ ташкил шуд.
Ин дафтар, ки ташкилоте ҷудо аз вазорати улум, таҳқиқот ва фановарӣ аст, вазифаи кумакрасонӣ ва ҳимоят аз тарҳҳои пажӯҳишии калон ё ҷадид дар кишварро ба дур аз симатгириҳои сиёсӣ ва ҷиноҳӣ бар уҳда дорад.
Дар солҳои оғозини даҳаи ҳаштод ҳамзамон бо шаклгирии ҳастаи аввалияи шӯрои олии таҳқиқот ва фановарӣ баҳс бар рӯйи меҳвар қарор додани чанд ҳавзаи таҳқиқотӣ дар кишвар шурӯъ шуд. Коршиносон пеш аз мутолиъаи риштаҳои гуногун ва имконоту тавоноиҳои кишвар дар он ҳавзаҳо се шоха аз фановариҳоро ба унвони меҳварҳои аслии таҳқиқот дар кишвар таъйин карданд.
Дар ин се шоха Эрон метавонист бо таваҷҷуҳ ба тавоноиҳо ва имконоти мавҷуд, дар замоне начандон тӯлонӣ, ба қутбе, ки тавоноии роҳбарии дигар кишварҳои минтақаро дар ин ҳавзаҳои илмӣ дошта бошад; ва ба яке аз содиркунандагони донишу фановарӣ табдил шавад. Ин се шохаи фановарии иттилоъот, зист фановарӣ ва нонуфановарӣ буданд.
Дар ҳамон солҳо бо шаклгирии кори гурӯҳҳои мухталиф, санадҳои миллӣ ва роҳбурдии ин се фановарӣ дар вазорати улум тадвин ва танзим шуданд. Дар ин аснод ва асноди замимаи онҳо, аҳдоф, фурсатҳо, таҳдидҳо ва роҳбурдҳои Эрон дар ин се ҳавза ташреҳ шудаанд.. Аз ҷумла роҳкорҳои ироашуда дар ин аснод метавон ба мавориди зер ишора кард.
Ҳимоятҳои молӣ аз тарҳҳои таҳқиқотӣ ва пружеҳои донишгоҳӣ ва таҳсилӣ
Эҷоди шабакаҳои озмоишгоҳӣ ва таъсиси озмоишгоҳҳои миллӣ дар бахшҳои мухталиф
Кумак ба шаклгирии қутбҳои илмӣ дар шохаҳои мухталиф дар донишгоҳҳо
Мегӯянд Хотамӣ вақте раёсати ҷумҳуриро ба Аҳмадинажод таҳвил медод ба ӯ гуфтааст, ки нагузорад корҳои ӯ дар заминаи нонуфановарӣ ба ҳадар равад ва Аҳмадинажод низ ба ӯ қавл додааст, ки тамоми тавони худро дар ин замина ба кор гирад.
Дар ин миён фаъъолият дар ҳавзаи нонуфановарӣ барои ҳама ҳаяҷонангез буд. Чун иллати нав будан, имкони рақобат бо кишварҳои санъатӣ содатар буд ва ёфтани ҷойгоҳе дар ҷаҳон қобили бовартар ва дар дастрастар. Ҳамин тозагӣ боъис шуд, то аз ибтидо ҳамзамон бо рушди ин ришта, бумисозӣ ва тарвиҷи он ҳам мавриди таваҷҷуҳ воқеъ шавад.
Пажӯҳишгарон ва масъулони эронӣ бо воқеъбинӣ аз ибтидо ҳавзаи фаъъолияти аслии худро ба навъе таъриф карданд, ки ниёзманди таҷҳизоти бисёр пешрафта ва печидае, ки имкони дастарасии эрониён ба онҳо кам буд, набошанд ва бисёр сареъ низ ба муваффақиятҳои чашмгире даст ёфтанд. Аз ҷумлаи ин мавқеъиятҳо метавон ба ихтироъи Энберк Нурӣ ишора карда, ки имкони дасткорӣ ва ҷобаҷоии атумҳо ва муликулҳоро медиҳад ва имрӯза яке аз абзорҳои роиҷи озмоишгоҳҳои фавқи пешрафтаи ҷаҳон аст.
Имрӯз мавқеъият ва пешрафти Эрон дар се замина ишора шуда ва тахассуси нонуфановарӣ мавриди таъйиди ҷомеъаи ҷаҳонӣ аст ва ҳама ба тавоноиҳои Эрон дар ин замина изъон доранд. Теъдоди эрониёне, ки дар донишгоҳҳои муътабари кишварҳои санъатӣ дар шохаҳои мухталифи нонуфановарӣ таҳсил ё таҳқиқ мекунанд бисёр зиёд ва гоҳе таъаҷҷуббарангез аст. Ин аз маъдуд лаҳазоте дар таърихи илми ҷадид дар Эрон аст, ки ҷараёни ҳаракати илм аз дохил ба самти хориҷ шудааст.
Достоне аст, ки мегӯянд лаҳзае, ки Хотамӣ раёсати ҷумҳуриро ба Аҳмадинажод таҳвил медод, ба ӯ гуфтааст, ки намедонад бар сари сохторҳо ва ташкилоти мухталифе, ки ӯ ба вуҷуд оварда дар давлати ҷадид чи хоҳад омад, вале аз ӯ хостааст, ки нагузорад корҳои ӯ дар заминаи нонуфановарӣ ба ҳадар равад ва Аҳмадинажод низ ба ӯ қавл додааст, ки тамоми тавони худро дар ин замина ба кор гирад.
Ин ки ин достон то чи ҳад мумкин аст воқеъият дошта бошад, чандон мушаххас нест, вале шавоҳид нишон медиҳад, ки Аҳмадинажод меросдори хубе дар ин замина будааст. То вориси баъдӣ кӣ бошад ва чӣ кунад.
