Намояндагони Толибон бо мақомоти Эрон мулоқот карданд

  • 3 Июн, 2013
Толибон
Image caption Панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Қандаҳор ба иттиҳоми қатли 7 пулис боздошт шуданд

Гурӯҳи Толибон таъкид карданд, ки намояндагонашон ба Эрон сафар карда ва дар бораи мавзӯъоти мухталиф бо мақомоти Эрон гуфтугӯ кардаанд.

Ду рӯзе пеш хабаргузории “Форс” гузориш дода буд, аъзои намояндагии сиёсии Толибон бо мақомоти амниятии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Теҳрон мулоқот кардаанд.

Оқои Муҳаммад Юсуф Аҳмадӣ, сухангӯйи Толибон ба хабаргузории “Исломӣ Афғон”, ки мақараш дар Покистон аст, гуфта, намояндагони дафтари сиёсии Толибон дар Қатар ба Эрон сафар кардаанд ва гузориши хабаргузории “Форс” сиҳат дорад.

Оқои Аҳмадӣ дар имейле таъкид карда, ки дар ду рӯзи гузашта намояндагони дафтари сиёсии Толибон бо мақомоти эронӣ мулоқот кардаанд. Ӯ, ҳамчунин гуфта, гурӯҳе аз рӯҳониёни Толибон ҳам ба сурати ҷудогона дар кунфаронсе дар Теҳрон ширкат кардаанд.

Ба навиштаи оқои Аҳмадӣ, дафтари сиёсии Толибон даъват ба ҳар кунфаронсеро мепазирад, то шояд талошҳои нофарҷом барои гуфтугӯ ва поён додан ба ҷанг дар Афғонистон ба ҷойе бирасад.

Хабаргузории “Форс” дар хабари худ оварда буд, ки “дар нишасти “Бедории исломӣ” дар Теҳрон Муҳаммадулло Таъмонӣ, вазири таҳсилоти олии Толибон ва Шамсиддин Паҳлавон, волии қаблии Вардак дар замони ҳукумати Толибон ҳузур доштаанд.”

Ин дар ҳолест, ки Раҳматулло Озода, аз дафтари матбуъотии сафорати Эрон дар Кобул дирӯз ба Би-би-сӣ гуфт, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон хабарҳои нашршударо дар мавриди ин ки ҳайъате аз гурӯҳи Толибон ба Теҳрон сафар карда ва бо мақомоти амниятии Эрон гуфтугӯ кардааст, таъйид намекунад.

Аббос Ароқчӣ, сухангӯйи вазорати хориҷа ҳам дирӯз ( якшанбеи 2 июн) гуфт, сафари як ҳайъат аз дафтари сиёсии гурӯҳи Толибони Афғонистон дар Қатарро ба Теҳрон таъйид намекунад.

Гуфта шуд, ин сафар ба даъвати Ҷумҳурии Исломӣ сурат гирифта ва Тайиб Оғо, Мавлавӣ Шаҳобиддин Диловар ва Шермуҳаммад Аббос аз аъзои калидии ин гурӯҳ будаанд, ки ба намояндагӣ аз ҳайъати сиёсии Толибон бо мақомҳои амниятии Эрон гуфтугӯ кардаанд.

Ин гузоришҳо ин эҳтимолро тақвият карданд, ки Эрон қасд дорад дар музокироти Толибон ва ҳукумати Афғонистон нақши миёнҷии минтақавиро бозӣ кунад.

Рӯзномаи “Акспарс требиюн”-и Покистон ба нақл аз як мақоми Толибон , ки номашро зикр накарда, навиштааст, дар ин мулоқот гурӯҳи Толибон ба Эрон қавл дода, ки баъд аз хуруҷи НОТУ аз Афғонистон тамоми гурӯҳҳо метавонанд дар саҳнаи сиёсии Афғонистон нақш дошта бошанд. Ин гурӯҳ аз Эрон хоста то аз гурӯҳи рақиб, яъне Эътилофи Шимол ҳимоят накунад ва ба ин тартиб, заминаи ҷанги дохилӣ баъд аз хуруҷи НОТУ фароҳам нашавад.

Бар илова гуфта мешавад, Эрон нигаронии худро аз вазъияти ҳазораҳои Афғонистон, ки шиъамазҳаб ҳастанд, иброз кардааст. Ҳазораҳо дар замони ҳукумати суннии Толибон башиддат зери фишор қарор доштанд.

Бар асоси гузоришҳои давлати Афғонистон, аз иртиботи мустақими кишварҳои дигар бо гурӯҳи Толибон хушнуд нест ва онро барои музокироти дохилӣ байни ҷиноҳҳои ҳозир дар арсаи сиёсии Афғонистон муфид намедонад.

Рӯзномаи “Акспарс требиюн” навиштааст, мақомоти амниятии Покистон аз ин мулоқотҳо муталеъ будаанд ва медонанд пеш аз ин ҳам мулоқотҳои дигаре будааст.

Матолиби муртабит