"Ёздаҳ кӯдак" дар амалиёти муштараки нерӯҳои афғон ва НОТУ дар Кунар кушта шуданд

Мақомҳои маҳаллӣ дар вулусволии (шаҳристони) Шигали вилояти Кунар дар шарқи Афғонистон мегӯянд, ки дар як амалиёти муштараки нерӯҳои амниятии афғон ва нерӯҳои хориҷӣ дастикам 11 мухолифи мусаллаҳи давлат ба шумули фармондеҳони маҳаллии Толибон кушта шудаанд.
Абдулзоҳир, вулусволи Шигали вилояти Кунар гуфт, ки дар ин амалиёт хонаи Алихон, як фармондеҳи маҳалии Толибон бумборон шуд ва бар иловаи аъзои муҳими гурӯҳи Толибон 11 кӯдак низ дар ин ҳодиса қурбонӣ шуданд.
Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки аҷсоди даҳ кӯдакро дидаанд, ки тазоҳуркунандагони хашмгин онҳоро рӯйи шонаҳои худ ба мақарри вулусволии Шигал интиқол медоданд.
Мақомҳои маҳаллӣ ба хабарнигорон гуфтаанд, ки кӯдакони кушташуда фарзандони Толибони мусаллаҳ буданд ва дар хона нигаҳдорӣ мешудаанд, ки аз он нерӯҳои амниятӣ ҳадафи ҳамла ва шиллик қарор қарор гирифтаанд.
Як мақоми маҳаллӣ дар Кунар гуфт, ки Толибон аз ин кӯдакон ба унвони сипари инсонӣ истифода кардаанд.
Вулусволи Шигал афзуд, ки дар амалиёти НОТУ (НАТО) 6 зан низ захмӣ шуда ва онҳо ба бемористони марказии Асъадободи Кунар мунтақил шудаанд.
Ӯ гуфт, ки хонаи Алихон бештар аз суи фармондеҳоне маҳаллии Толибон аз ҷумла қорӣ Ҳаниф ба унвони қароргоҳ истифода шудааст.
Дар ҳамин ҳол Восифуллоҳ Восифӣ, сухангӯи волии Кунар гуфт, ки ин амалиёт рӯзи гузашта шанбеи 17 ҳамал/фарвардин (6 апрел) тавассути нерӯҳои амниятии афғон ва ба ҳамкории НОТУ созмондиҳӣ шуд, ки дар натиҷаи он ёздаҳ узви гурӯҳи Толибон кушта ва беш аз даҳ тани дигар захмӣ шуданд.
Оқои Восифӣ гуфт, ки дар ин амалиёт чаҳор афсари идораи амнияти миллии Афғонистон низ захмӣ шудаанд, ки вазъияти онҳо вахим гузориш шудааст.
Ҳамчунин гузориш шуда, ки як сарбози омрикоӣ ҳам дар амалиёти рӯзи гузашта дар Кунар ҷон бохтааст.
Нерӯҳои байналмилалии ёрии амниятӣ ё Ойсоф (ISAF) гуфтаанд, ки дар ин амалиёт як корманди ғайринизомии омрикоӣ кушта шуда ва нерӯҳои ҳавоии онҳо ба дархости қувои эътилофӣ дар амалиёт саҳм гирифтанд.
Дин Ойнерт, як сухангӯи Ойсоф гуфта: "Мо медонем, ки чандин шӯришӣ кушта шудаанд. Мо ҳамчунин иттилоъ дорем, ки дар ин ҳамла ғайринизомиён захмӣ шудаанд, аммо ба тозагӣ иттиҳоми кушта шудани ғайринизомиён низ матраҳ шудааст. Ойсоф мавзуъи талафоти ғайринизомиёнро бисёр ҷиддӣ мегирад ва дар ҳоли ҳозир машғули баррасии ҷузъиёти бештари ин ҳодиса ҳастем."
Вазорати умури дохилаи Афғонистон низ бо пахши хабарномае аз кушта шудани 6 тан ба шумули ду фармондеҳи Толибон дар рустои "Сунудара" аз марбутоти вулусволии Шигали вилояти Кунар хабар додааст.
Вазорати дохила мегӯяд, ки дар ин амалиёт ду фармондеҳи Толибон ба номҳои Гулрауф ва Алихон ба ҳамроҳи чаҳор ҳамкори дигарашон кушта шудаанд. Вазорати дохила таъйид мекунад, ки дар ин рӯйдод се писари Алихон фармондеҳи Толибони маҳаллӣ низ кушта шудаанд.
Дар хабарномаи Вазорати дохила омадааст, ки ин ду фармондеҳи маҳаллии Толибон бештар фаъъолиятҳои ҳаросафганиро созмондиҳӣ мекардаанд, ки бо кушта шудани онҳо вазъияти амнияти вулусволии Шигали Кунар беҳбуд хоҳад ёфт.
Вилояти Кунар дар шарқи кишвар аз вилоёти ноамне аст, ки Афғонистонро аз тариқи хатти Дюранд бо Покистон васл мекунад.
