Тавофуқи Эрону Афғонистон 'барои иҷрои муъоҳидоти қазоии дуҷониба'

Мақомҳои аршади қазоии Афғонистон ва Эрон бар сари иҷрои мувофиқатномаҳои қазоии имзошуда миёни ду кишвар тафоҳум карданд.
Абдулсалом Азимӣ, раиси додгоҳи олии Афғонистон, дар як сафари серӯза ба Эрон бо содиқи Лориҷонӣ, раиси қувваи қазоии он кишвар мулоқот кардааст.
Дар ҷараёни ин сафар мақомҳои афғон ва Эрон рӯйи густариши ҳамкориҳои қазоӣ миёни ду кишвар таъкид кардаанд.
Эрон ва Афғонистон дар солҳои ахир се мувофиқатномаи қазоӣ дар заминаи ҳамкориҳои қазоӣ, дар умури кайфарӣ, интиқоли маҳкумин ба ҳабс ва истирдоди муҷримин имзо кардаанд.
Мароҳили қонунии ин мувофиқатномаҳо дар Эрону Афғонистон тай шуда ва ин мувофиқатномаҳо омодаи иҷро ҳастанд, вале то кунун иқдоми амалӣ дар ин замина сурат нагирифтааст.
Ба гузориши хабаргузории давлатии Эрон, ИРНО, раиси қувваи қазоияи Эрон гуфтааст, ки ҳамакнун ҳудуди 70 зани афғон дар зиндонҳои Эрон ба сар мебаранд.
Вай афзудааст, ки ин занон нахустин гурӯҳ аз зиндониён хоҳанд буд, ки ба Афғонистон мунтақил хоҳанд шуд, то тибқи тавофуқномаи интиқоли зиндониён давраи маҳкумияти худро дар зиндонҳои кишварашон сипарӣ кунанд.
Мақомҳои афғон ҳанӯз дар мавриди таъсири тафоҳумномаи ахир бар иҷрои тавофуқномаҳои қаблӣ ҷузъиёти бештаре интишор надодаанд.
Омори дақиқе аз теъдоди зиндониёни афғон дар Эрон дар даст нест.
Назар ба гузоришҳои ҳуқуқибашарӣ шумори зиёде аз шаҳрвандони Афғонистон дар зиндонҳои Эрон маҳбус ҳастанд.
Илова бар ин шумори қобили таваҷҷуҳе аз афғонҳо умдатан ба иттиҳоми ҷароими муртабит бо қочоқи маводди мухаддир дар маҳкамаҳои Эрон муҳокима ва ба эъдом маҳкум шудаанд ва дар интизори иҷрои ҳукм ҳастанд.
Соли гузашта пахши гузоришҳое дар мавриди эъдоми шаҳрвандони афғон дар Эрон боъиси роҳ афтодани тазоҳурот дар шаҳрҳои мухталифи Афғонистон, аз ҷумла Кобул ва Ҳирот шуд.
Ҳанӯз мушаххас нест, ки оё дар ҷараёни сафари мақоми афғон ба Теҳрон, вазъияти ин гурӯҳ аз шаҳрвандони Афғонистон ҳам мавриди баррасӣ карор гирифта ва оё тафоҳуми ҷадиди ду кишвар таъсире дар сарнавишти онон хоҳад гузошт ё на.
Маҳокими Эрон барои бисёре аз ҷароими муртабит бо маводди мухаддир муҷозоти эъдом содир мекунанд, аммо дар Афғонистон ин ҷароим илзоман ҳукми эъдом надорад.
