Алии Лориҷонӣ барои шашумин сол раиси маҷлиси Эрон шуд

  • 28 Май, 2013

Дар ҷараёни раъйгирии слона дар маҷлиси Эрон барои интихоби давраи ҷадиди ҳайъати раиса, Алии Лориҷонӣ барои шашумин бор раиси маҷлиси Эрон шудааст.

Бар асоси гузоришҳо, оқои Лориҷонӣ бо 213 раъй аз маҷмӯъи 252 раъйи ахзшуда барои як соли оянда раиси маҷлис хоҳад буд.

Ӯ соли гузашта бо 177 мувофиқ аз маҷмӯъи 270 раъйи маъхуза раиси маҷлис шуда буд.

Оқои Лориҷонӣ пас аз интихобаш ба унвони раис соли дувум дар давраи нуҳуми маҷлис аз эътимоди намояндагон ташаккур ва ибрози умедворӣ кард, ки битавонад дар ҳалли мушкилот муваффақ бошад.

Соли дувуми фаъъолияти маҷлиси нуҳум аз имрӯз, 28 май\ 7 хурдод оғоз мешавад.

Ҳайъати раисаи Маҷлиси шӯрои исломӣ шомили раис, ду ноиби раис, 6 дабир ва се нозир аст.

Бар асоси раъйгирии имрӯз Муҳаммадҳасан Абӯтуробифард ва Муҳаммадризо Боҳунар ноиби раисони аввалу дувуми маҷлис шудаанд.