'Тағйири раиси ҷумҳури Эрон дар барномаи атумии он кишвар таъсир надорад'

  • 1 Июн, 2013
Ҷон Керрӣ
Image caption Ҷон Керрӣ рӯзи ҷумъа 31-уми май гуфт, “сабри байналмилалӣ” нисбат ба барномаи ҳастаии Эрон дар ҳоли сар омадан аст.

Вазири умури хориҷаи Омрико гуфтааст, ки интизор надорад, тағйири раиси ҷумҳури Эрон дар барномаи атомии он кишвар асаргузор бошад.

Ӯ гуфт, тасмимгирӣ дар хусуси тағйир ё ҳифзи сиёсати атомии Эрон бо раҳбари он кишвар аст ва барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар сиёсати атомии Эрон нақше нахоҳад дошт.

Ҷон Керрӣ рӯзи ҷумъа 31-уми май гуфт, Омрико намепазирад, ки Эрон ба силоҳи ҳастаӣ мусаллаҳ шавад.

Эрон борҳо таъкид карда, ки барномаи атомии он кишвар тавлиди барқ ва таҳияи родиюэзутупҳои доруӣ аст.

Кишварҳои ғарбӣ ва Исроил дар бораи барномаи ҳастаии Эрон бадгумон ҳастанд ва мегӯянд ин кишвар эҳтимолан дар пайи тавлиди таслиҳоти атомӣ аст.

Ҷон Керрӣ дар як конфаронси матбуъотии муштарак бо Гиду Вестервеле, вазири хориҷаи Олмон гуфт, “сабри байналмилалӣ” нисбат ба барномаи ҳастаии Эрон дар ҳоли сар омадан аст.

Дар ин ҷаласа вазири умури хориҷаи Олмон бар идомаи музокироти диплумотик бо Эрон таъкид кард.

Мавзеъи номзадҳои интихоботӣ

Дар рӯзҳои гузашта ва бо оғози таблиғоти интихоботии ҳашт номзади таъйиди салоҳият шуда, ояндаи фаъъолиятҳои ҳастаии Эрон, яке аз мавзуъоте будааст, ки мураттабан дар барномаҳои родию ва телевизиюни давлатии Эрон дар бораи он аз номзадҳо савол шудааст.

Ин ҳашт номзад ҳамагӣ ба идомаи ин барнома дар сурате, ки ба раёсати ҷумҳурӣ бирасанд таъкид кардаанд, аммо дар айни ҳол ағлаби онон аз лузуми дар назар гирифтани тамҳидоте барои беҳбуди равобити Эрон бо кишварҳои ҷаҳон сухан гуфтаанд.

Дар ин байн дар назар мерасад, Муҳаммадризо Ориф ва Ҳасан Руҳонӣ, ду номзаде, ки фосилаи бештаре бо усулгароён ва ҷиноҳи ҳоким бар Эрон доранд, бар лузуми дар назар гирифтани равобити байналмилалӣ дар зимни фаъъолиятҳои ҳастаӣ таъкиди бештаре доранд.

Бо ин ҳол номзадҳои усулгаро тамоюле ба тағйир дар масири фаъъолиятҳои ҳастаии Эрон нишон надодаанд ва аз ҷумла Муҳаммадбоқир Қолибоф бо вуҷуди интиқод аз мудирияти диплумосии кишвар, тасреҳ кардааст, ки қонун дар Эрон иҷоза намедиҳад, раиси ҷумҳурӣ батанҳоӣ барои сиёсати хориҷӣ тасмим бигирад.

Пештар ҳам чеҳраҳои наздик ба ҳокимият ва аз ҷумла Саъид Ҷалилӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ва раиси тими музокироти ҳастаӣ, ки худ номзади ин интихобот аст ва ҳамчунин Алӣ Боқирӣ, ки муъовин ва раиси Ситоди таблиғотии ӯст дар мавориди мухталифе гуфтаанд, барномаи ҳастаии Эрон таҳти таъсири интихоботи раиси ҷумҳурӣ тағйир нахоҳад кард.

Матолиби муртабит