Музокироти ҳастаии Эрон ҳамзамон дар Истонбул ва Виен баргузор мешавад

  • 15 Май, 2013

Парвандаи ҳастаии Эрон дар ду нишасти ҷудогона дар Истонбул ва Виен баррасӣ мешавад.

Рӯзи чаҳоршанбеи 15 май Саъид Ҷалилӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ ва сарпарасти музокироти ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ, дар иҷлосе дуҷониба бо Котрин Эштун, намояндаи олии Иттиҳодияи Урупо дар умури хориҷа ва сиёсати амниятӣ, дар Истонбул мулоқот ва дар ҷаласае дуҷониба бо ӯ ширкат мекунад.

Хонуми Эштун сарпарастии музокироти ҳастаии Гурӯҳи 5+1 бо Эронро бар уҳда дорад ва дар ҷаласоти муштараки ҳайъатҳои эъзомии ин гурӯҳ бо Эрон, сухангӯ ва намояндаи ин ҳайъатҳо будааст.

Гурӯҳи 5+1 муташаккил аз панҷ узви доими Шӯрои Амнияти Созмони Милал - Омрико, Бритониё, Чин, Русия ва Фаронса - ба иловаи Олмон, намояндагии ҷомеъаи байналмилалӣ дар расидагӣ ба буҳрони ҳастаии Ҷумҳурии Исломиро дар даст гирифта ва намояндагони ин гурӯҳ то кунун дар чанд нишасти муштарак бо намояндагони Эрон ширкат доштаанд, ҳарчанд ҳанӯз ду тараф ба тавофуқе барои ҳалли ин буҳрон даст ёфтаанд.

Охирин даври музокироти муштараки 5+1 бо Эрон дар авоили моҳи апрели соли ҷорӣ дар Олмотӣ баргузор шуд ва мақомоти Эрон эълом карданд, ки дар ҷараёни ин нишаст пешниҳодотеро ироа додаанд ва дар интизори вокуниши Гурӯҳи 5+1 ба ин пешниҳодҳо ҳастанд.

Ҳамзамон, намояндагони Ҷумҳурии Исломӣ ва Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ даври дигаре аз гуфтугӯ дар бораи парвандаи атумии Эронро дар Виен баргузор кардаанд.

Дар ҳоле ки музокироти Истонбулро бояд идомаи талоши диплумотик барои ҳалли буҳрони атумии Эрон донист, ҷаласаи Виен дар идомаи музокироти фаннии ду тараф барои рӯшан кардани бахшҳое аз парвандаи ҳастаии ин кишвар баргузор мешавад.