Лавров: Эрон бояд ба кунфронси ҳалли буҳрони Сурия даъват шавад

Русия хостори ҳузури Эрон дар кунфронси байналмилалии ҳалли буҳрони Сурия шудааст.
Дар пайи тавофуқи Омрико ва Русия барои баргузории як нишасти байналмилалӣ ба манзури ёфтани роҳи ҳалле барои буҳрони сиёсии Сурия, Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, гуфтааст, ки кишварҳое, ки дорои нақше дар Сурия ҳастанд, аз ҷумла Эрон бояд ба ин иҷлос даъват шаванд.
Ба гузориши вебсойти вазорати хориҷаи Русия, оқои Лавров гуфтааст "дар миёни бархе аз ҳамкорони ғарбии мо ин тамоюл дида мешавад, ки ҳалқаи ширкаткунандагони берунӣ дар иҷлосро маҳдуд нигаҳ доранд ва раванди ҳалли буҳронро бо гурӯҳи бисёр кучаке аз кишварҳо ба ҷараён андозанд."
Эҳтимолан манзури вазири хориҷаи Русия аз "ширкаткунандагони берунӣ" кишварҳое ғайр аз қудратҳои умдаи ҷаҳонӣ аст.
Сергей Лавров бо ибрози нигаронӣ дар мавриди чунин рӯйкарде гуфтааст, ки маҳдуд кардани мушорикат дар ин иҷлос боъис мешавад музокирот "дар чаҳорчӯбе қарор гирад, ки дар ниҳоят таркиби музокиракунандагон, дастури кор ва ҳатто шояд натиҷаи иҷлосро аз пеш таъйин кунад."
Эрон аз ҷумлаи маъдуд кишварҳои ҷаҳон аст, ки дар канори Русия ва Чин дар ҷараёни буҳрони сиёсии Сурия аз Башор Асад, раиси ҷумҳурии он кишвар, ҳимоят мекунанд ва дар раъйгирии ахири Маҷмаъи Умумӣ дар мавриди қатъномаи маҳкумияти иқдомоти ҳукумати Сурия, яке аз дувоздаҳ кишваре буд, ки ба ин қатънома раъйи манфӣ дод. Яксаду ҳафт кишвар ба ин қатънома раъйи мусбат ва панҷоҳу нуҳ кишвари дигар, раъйи мумтанеъ доданд.
Тарҳи баргузории иҷлоси байналмилалии ҳалли буҳрони Сурия дар ҷараёни сафари ахири Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, ба Маскав мавриди тавофуқи ду кишвар қарор гирифт.
Ба гузориши вебсойти вазорати хориҷаи Русия, Сергей Лавров дар мусоҳиба бо як шабакаи телевизиюнии лубнонӣ афзудааст, ки Эрон дорои мавқеъияти жеупулитики хосе аст ва дар буҳрони Сурия яке аз "бозигарони берунӣ" аст ва лозим аст ба иҷлос даъват шавад. Вай дар айни ҳол гуфтааст, ки дар ин маврид ҳанӯз ба тавофуқе бо кишварҳои ғарбӣ даст наёфтааст.
Кишварҳои ғарбӣ ҳукумати Эронро ба ҳимояти таслиҳотӣ ва низомӣ аз ҳукумати Сурия муттаҳам карда ва масъули инъитофнопазирии Башор Асад дониста ва гуфтаанд, ки ҳузури Ҷумҳурии Исломӣ монеъ аз дастёбӣ ба тавофуқи амалӣ барои ҳалли буҳрони Сурия хоҳад шуд.
Мухолифони Башор Асад музокира ва мусолиҳа бо ҳукумати Сурияро мантиқӣ надониста, аммо гуфтаанд, ки ба ваъдаҳои Башор Асад эътимоде надоранд ва танҳо ба шарти канорагирии ӯ аз қудрат вориди чунин музокироте хоҳанд шуд. Дар муқобил, Эрон бар идомаи зимомдории Башор Асад дар ҳар роҳи ҳалле барои буҳрони Сурия таъкид доштааст.
Илова бар ин кишварҳои ғарбӣ низ, ки аз мухолифони ҳукумати Башор Асад ҳимоят мекунанд, бо таваҷҷуҳ ба он чи ки инзивои рӯзафзуни сиёсӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Исломӣ медонанд, моил нестанд Эрон дар нишастҳои байналмилалӣ ҳузур ёбад.
Бархе коршиносони ғарбӣ бо ишора ба амалкарди Ҷумҳурии Исломӣ дар музокироти байналмилалӣ ибрози нигаронӣ карданд, ки намояндагони Эрон ба ҷойи тамаркуз бар ҳалли дастури кори иҷлоси ҳалли буҳрони Сурия мавзӯъоти дигар, аз ҷумла парвандаи ҳастаии худро матраҳ кунанд ва натиҷагирӣ аз иҷлосро ба мухотира андозанд.
