Русия ва Исроил дар бораи вазъияти Сурия гуфтугӯ хоҳанд кард

Мақомҳои исроилӣ ва русӣ мегӯянд гуфтугӯйи оянда миёни Бинёмин Нетонёҳу , нахуствазири Исроил ва Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, бар мавзӯъи Сурия мутамаркиз хоҳад буд.
Давлати Русия аз ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба хоки Сурия ибрози нигаронӣ кардааст ва аз сӯйи дигар Исроил низ аз ирсоли аслиҳа тавассути Русия ба дохили Сурия нигарон аст.
Ахиран талошҳо барои поён додан ба даргирӣ дар Сурия ба сӯйи Маскав мутамаркиз будааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта видиюе дар интернет мунташир шудааст, ки дар он як шӯришии сурӣ қалби як сарбозро аз баданаш хориҷ карда ва онро мехӯрад.
Вай дар ин видию хитоб ба нерӯҳои Башор Асад мегӯяд: "Ба худо қасам, ки мо ҷону қалби шуморо хоҳем хӯрд."
Таъйиди ин видию ба таври мустақил аз сӯйи Би-би-сӣ мумкин нест, аммо Питер Букорт, аз Дидабони Ҳуқуқи Башар мардеро, ки дар видию дида мешавад, шиносоӣ кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин мард, ки Абӯсикор ном дорад, як шӯришии шинохташуда дар Ҳумс ва Ҳамо ва ташкилдиҳандаи шохаи Форуқи артиши озоди Сурия аст.
Гуфтугӯҳо миён Владимир Путин ва Бинёмин Нетонёҳу, дар заминаи хунрезиҳои ахир дар Сурия рӯзи сешанбе анҷом хоҳад шуд.
Макони гуфтугӯҳо ҳанӯз мушаххас нашудааст.
Пештар Борок Убомо ва Дейвид Комерун низ дар заминаи буҳрони Сурия бо якдигар гуфтугӯ карданд.
Онҳо бар сари баргузории як нишасти байналмилалӣ дар бораи Сурия бо ширкати Русия ва мақомҳои давлатӣ ва мухолифони сурӣ мувофиқат карданд.
