Русия: Ғарб барои дахолати низомӣ дар Сурия омода мешавад
Як намояндаи вазорати хориҷаи Русия гуфтааст нишонаҳое вуҷуд дорад, ки омодагиҳо барои дахолати низомӣ дар буҳрони Сурия дар ҷараён аст.
Ҷониби Русия гуфтааст, баҳсҳои доғ дар мавриди истифодаи эҳтимолии маводи шимиёӣ дар Сурия аз омодасозии афкори умумӣ барои дахолати низомӣ шаҳодат медиҳад.
Александр Лукашевич, намояндаи расмии вазорати умури хориҷаи Русия баён дошт: "Дар рӯзҳои ахир вазъ дар Сурия ва пиромуни он ба шиддат тағйир кардааст. Дар расонаҳои бархе кишварҳои арабӣ ва соири расонаҳои байналмилалӣ гумоназаниҳои зиёде дар мавриди истифода аз силоҳи шимиёӣ дар даргирии миёни нерӯҳои давлатӣ ва афроди мусаллаҳи мухолифон пайдо шудаанд. Нишонаҳои омода сохтани афкори умумӣ ба имкони истифода аз нерӯ дар буҳрони идомадори Сурия боъиси нигаронии ҷиддӣ аст."
Оқои Лукашевич ҳамчунин ба баёнияи Корло Дел Пунта, узви кумисиюни Созмони Милал дар таҳқиқи нақзи ҳуқуқи башар дар Сурия ишора кард. Пештар хонум Пунта гузориш дод, ки ин кумисиюн далоили ҷиддие дар мавриди истифода аз гози зорин тавассути мухолифонро дар даст дорад.
Оқои Лукашевич бар ин мавзуъ таъкид ниҳод, ки ба гумони кумисюни Созмони Милал мухолифон, на нерӯҳои давлат аз силоҳи шимиёӣ истифода кардаанд.
Хонуми Пунта дар суханронии худ ишора кард, ки ин кумисиюн ҳанӯз шавоҳиди раднопазир дар мавриди истифода аз силоҳи шимиёӣ на аз суи нерӯҳои давлат ва на аз суи мухолифон дар ихтиёр надорад.
