Сурия даст доштан дар бумбгузориҳо дар минтақаи ҳаммарз бо Туркияро рад кард

  • 12 Май, 2013
Image caption Кушташудагон дар шаҳри Райҳонлӣ имрӯз ба хок супурда шуданд

Сурия ҳар гуна дахолат дар инфиҷори ду бумб дар шаҳри марзии Райҳонлии Туркияро рад кардааст.

Дар ҳамин робита вазири иттилоърасонии Сурия дар ҷараёни кунфаронсе хабарӣ гуфт, ки Туркия худ ғайримустақим дар ин ҳамла даст дорад, ба ин далел ки иҷоза дода ин минтақа ба марказе барои фаъъолиятҳои терруристии байналмилал табдил шавад.

Вазири иттилоърасонии Сурия таъкид кард, ки усул ва меъёрҳои кишвараш иҷоза намедиҳад, ки онҳо ба чунин амале даст бизананд.

Туркия пештар дар вокуниш ба бумбгузориҳои дирӯз (шанбе) гуфта буд, ки барои ҳифозат аз хоки кишвари худ аз ҳиҷ иқдоме фурӯгузор нахоҳад кард.

Пулиси Туркия ҳам гуфтааст, ки 9 нафарро, ки ҳамагӣ шаҳрванди он кишвар ҳастанд, дар иртибот бо ин ҳамалот дастгир кардааст.

Вазири кишвари Туркия гуфтааст: "Ин ҳамалот тавассути созмоне сурат гирифта, ки бо гурӯҳҳои тарафдори давлати Сурия дар иртиботи наздик ҳастанд ва ман ин мавзуъро ба вузуҳ ба идораи иттилоъоти Сурия гуфтам."

Давлати Туркия имрӯз эълом кард, ки шумори кушташудаҳо ба 46 нафар расида ва беш аз 50 нафар ҳам барои мудово ба бемористон мунтақил шудаанд.

Туркия, ки аз аъзои Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ (НОТУ) ба шумор меравад, аз мухолифони ҷидди ҷанги дохилӣ дар Сурия ва аз мунтақидони давлати Башор Асад, раиси ҷумҳури он кишвар аст.

Омрико ва НОТУ зимни маҳкум кардани бумбгузориҳои рӯзи гузашта ҳимояти худро аз Туркия эълом карданд.

Пештар Аҳмад Довудуғлу, вазири хориҷаи Туркия бо ишора ба ин ки омилони ин ҳамалот боздошт ва ҳиҷ иқдоме бепосух нахоҳад монд, пайкорҷӯёни вафодор ба оқои Асадро масъули ин ҳамалот донист.

Шаҳри Райҳонлӣ аз ҷумлаи манотиқи искони паноҳҷӯёни сурӣ аст ва расонаҳои маҳаллӣ гуфтаанд, ки дар пайи ин ҳодиса мардуми маҳаллӣ паноҳҷӯён ва худравҳоеро, ки дорои плокҳои сурӣ ҳастанд, мавриди ҳамла қарор додаанд.

Ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ ин ҳамла Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркияро таҳти фишор қарор хоҳад дод.

Хабарнигори Би-би-сӣ меафзояд, ҳарчанд оқои Эрдуғон ҳамвора аз мухолифони давлати Сурия ҳимоят карда, аммо то кунун даргири ҷанг дар он кишвар нашудааст, аммо вуқуъи ин ҳамалот авзоъро барои нахуствазири Туркия барои ин ки ҳамчунон хориҷ аз даргириҳои Сурия бимонад, бисёр душвор кардааст.

Қарор аст оқои Эрдуғон панҷшанбеи ҳафтаи оянда (16 май) ба Вошингтун сафар карда ва бо Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико дидор ва гуфтугӯ кунад.

Матолиби муртабит