Хуруҷи нерӯҳои PKK аз Туркия оғоз шуд

  • 8 Май, 2013
нерӯҳои Ҳизби Коргари Курдистон
Image caption Хуруҷи комили нерӯҳои Ҳизби Коргари Курдистон (PKK) се то чаҳор моҳ тул хоҳад кашид

Чирикҳои гурӯҳи коргарони Курдистон аз имрӯз, чаҳоршанбе, ҳаштуми май хуруҷи худ аз хоки Туркияро оғоз мекунанд.

Ин гоме бузург барои поён додан ба чанд даҳаи даргирӣ аст, ки мунҷар ба кушта шудани даҳҳо ҳазор нафар шуда аст.

Қарор аст наздик ба 1500 чирики PKK аз Туркия вориди пойгоҳҳои ин гурӯҳ дар кӯҳистонҳои шимоли Ироқ шаванд.

Хуруҷи комили ин нерӯҳо се то чаҳор моҳ тул хоҳад кашид.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия гуфтааст, ки таъаррузе ба ин чирикҳо сурат нахоҳад гирифт. Ӯ дар айни ҳол аз аъзои PKK хоста то силоҳҳои худро замин бигзоранд.

Абдуллоҳ Уҷолон, раҳбари зиндонии PKK пеш аз ин хоҳони оташбас ва поён додан ба даргириҳои хунини чанд даҳаи гузашта шуда буд.

Интизор меравад давлати Туркия ихтиёроти бештареро тайи моҳҳои оянда ба курдҳо бидиҳад. Курдҳо наздик ба 20 дарсади ҷамъияти Туркияро ташкил медиҳанд.

Мақомоти Туркия аз чанде пеш дар ҳоли музокира бо Абдулло Уҷолон буданд.

Моҳи пеш PKK дар баёнияе эълом кард, ки хуруҷи нерӯҳояш аз хоки Туркия аз ҳаштуми моҳи май шурӯъ хоҳад шуд.

Дар ин баёния се марҳала барои поён додан ба чандин даҳаи даргирӣ пешниҳод шудааст.

Дар марҳалаи аввал хуруҷи тадриҷии нерӯҳи PKK аз хоки Туркия ва ба дунболи он ислоҳи қонуни асосӣ тавассути давлати Туркия ва дар марҳалаи сеюм замин гузоштани силоҳ пас аз озодии Абдулло Уҷолон ва сойири нерӯҳои PKK аз зиндон.

Маҷлиси Туркия дар ҳоли ҳозир саргарми баҳс дар бораи қонуни асосии ҷадиди ин кишвар аст ва раҳбарони курд дар ҳоли музокира бо сойири сиёсатмадорон дар ин маврид ҳастанд.

Матолиби муртабит