PKK нерӯҳояшро аз Туркия ба шимоли Ироқ мунтақил мекунад

  • 25 Апрел, 2013
Image caption PKK аз соли 1984 то кунун барои худмухтории манотиқи курднишини Туркия дар ҷануби шарқии ин кишвар бо давлати Туркия дар ҳоли ҷанг будааст

Мурод Коройлон, фармондеҳи низомии PKK, гурӯҳи пайкорҷӯи коргарони Курдистон эълом карда, ки ин гурӯҳ нерӯҳои худро аз Туркия хориҷ карда ва ба шимоли Ироқ мунтақил хоҳад кард.

Ӯ дар ҷараёни як нишасти хабарӣ дар кӯҳистони Қандил дар шимоли Ироқ ба хабарнигорон гуфт, ки хуруҷи нерӯҳои PKK дар чанд марҳала сурат хоҳад гирифт ва дар асраъи вақт анҷом хоҳад шуд.

Оқои Коройлон ҳушдор дод дар сурате, ки ҳамла ва амалиёте алайҳи нерӯҳои ин гурӯҳ анҷом шавад ва ё мавозеъи ин гурӯҳ бумборон шавад, нерӯҳои PKK ҳақи муқобала ба мисл хоҳанд дошт.

PKK хотирнишон мекунад, ки хуруҷи нерӯҳояш аз хоки Туркия аз панҷуми моҳи май шурӯъ хоҳад шуд.

Дар ин баёния се марҳала барои поён додан ба чандин даҳаи даргирӣ пешниҳод шудааст.

Дар марҳалаи аввал хуруҷи тадриҷии нерӯҳои PKK аз хоки Туркия ва ба дунболи он ислоҳи қонуни асосӣ тавассути давлати Туркия ва дар марҳалаи сеюм замин гузоштани силоҳ пас аз озодии Абдулло Уҷолон ва сойири нерӯҳои PKK аз зиндон.

Беш аз 50 хабарнигори Туркия ва расонаҳои хориҷӣ аз Ирбил ба маҳали нишасти матбуъотии оқои Короил бурда шуда буданд ва телефонҳои ҳамроҳи онҳо пеш аз шуруъи нишаст забт шуда буд. Ҳеч филмбардори телевизиюнӣ низ натавонист дар маҳал ҳузур дошта бошад.

Ҷеймз Рейнолдз, хабарнигори Бибисӣ дар Истомбул мегуяд навъе эҳсоси хушбинӣ нисбат ба таҳаввулоти пешомада дар ин замина дида мешавад.

Маҷлиси Туркия дар ҳоли ҳозир саргарми баҳс дар бораи қонуни асосии ҷадиди ин кишвар аст ва раҳбарони курд дар ҳоли музокира бо сойири сиёсатмадорон дар ин маврид ҳастанд.

Мавзеъи Уҷолон

Image caption Мақомоти Туркия аз чанде пеш дар ҳоли музокира бо Абдулло Уҷолон буданд

Пеш аз ин Абдулло Уҷолон, раҳбари зиндонии PKK хоҳони оташбас ва поён додан ба даргириҳои хунини чанд даҳаи гузашта шуда буд.

Интизор меравад давлати Туркия ихтиёроти бештареро тайи моҳҳои оянда ба курдҳо бидиҳад. Курдҳо наздик ба 20 дарсади ҷамъияти Туркияро ташкил медиҳанд.

Мақомоти Туркия аз чанде пеш дар ҳоли музокира бо Абдулло Уҷолон буданд.

Туркия, Омрико ва Иттиҳодияи Урупо ҳизби коргарони Курдистонро як созмони терруристӣ медонанд.

Ҳизби коргарони Курдистон аз соли 1984 то кунун барои худмухтории манотиқи курднишини Туркия дар ҷануби шарқии ин кишвар бо давлати Туркия дар ҳоли ҷанг будааст.

То кунун беш аз 40 ҳазор нафар дар ин даргириҳо кушта шудаанд.

Матолиби муртабит