Башор Асад: Сурия тавони муқобала бо Исроилро дорад

  • 8 Май, 2013
Алӣ Акбар Солеҳӣ ва Башор Асад
Image caption Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дар Димишқ бо Башор Асад дидор кард

Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия дар аввалин вокуниши худ нисбат ба ҳамалоти ҳавоии Исроил ба ҳумаи Димишқ гуфт, ки кишвараш тавони муқобала бо Исроилро дорад.

Ин суханони Башор Асад рӯзи сешанбе, 7 моҳи май пас аз дидор бо Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷаи Эрон баён шуда, ки дар дидоре аз қабл эъломнашуда ба Димишқ сафар кард ва бо мақомҳои Сурия дидор ва гуфтугӯ кард.

Эрон аз замони шурӯъи эътирозҳо дар Сурия аз давлати ин кишвар ҳимоят кардааст. Оқои Солеҳӣ пеш аз сафар ба Сурия дар Урдун бо шоҳи ин кишвар дидор ва дар мавриди буҳрони Сурия гуфтугӯ кард, ки ҷузъиёти чандоне дар мавриди он ҳанӯз эълом нашудааст.

Оқои Асад Исроилро муттаҳам кард, ки аз "терруристҳо" ҳмоят мекунад. Давлати Сурия шӯришиёни мухолифи давлатро террурист хитоб мекунад.

Раиси ҷумҳури Сурия таъкид карда, ки кишвараш тавони муқобала бо Исроилро дорад.

Исроил гуфтааст, ки ҳадаф аз ҳамалот ба маркази таҳқиқоти низомии Ҷамроё инҳидоми таслиҳоте будааст, ки давлати Сурия дар назар дошт дар ихтиёри гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон қарор гирад.

Исроил то кунун чандини бор ба аҳдофе дар хоки Сурия ҳамла кардааст. Ин ҳамалот умдатан бо вокуниши лафзии давлати Сурия рӯ ба рӯ шудааст.

Исроил ва Сурия ба сурати расмӣ дар ҳоли ҷанг ба сар мебаранд ва Исроил аз соли 1967 баландиҳои Ҷавлонро, ки мутаъаллиқ ба Сурия аст, дар ишғоли худ дорад.

Охирин музокироти сулҳи ду кишвар аз декабри 1999 то январи 2000 баргузор шуд.

"Хабари умедворкунанда"

Ахзар Иброҳимӣ, намояндаи Созмони Милал ва Иттиҳодияи Араб барои ҳалли буҳрони Сурия

Ахзар Иброҳимӣ аз таъаҳҳуди Русия ва Омрико барои ҳамкорӣ дар заминаи буҳрони Сурия истиқбол кардааст

Дар ҳамини ҳол Ахзар Иброҳимӣ, намояндаи Созмони Милал ва Иттиҳодияи Араб барои ҳалли буҳрони Сурия аз таъаҳҳуди Русия ва Омрико барои ҳамкорӣ дар заминаи ҳалли ин буҳрон ситойиш кардааст.

Ӯ гуфтааст, ки ин "аввалин хабари умедворкунанда дар мавриди Сурия аст, агарчи ҳанӯз ин танҳо гоми аввал аст."

Рӯзи сешанбе Русия ва Омрико тавофуқ карданд то нишасте байналмилалӣ барои ёфтани роҳҳалли сиёсӣ барои поён додан ба буҳрони Сурия, ки беш аз 70 ҳазор кушта бар ҷой гузошта, баргузор кунанд.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико гуфтааст, ки ду кишвар давлати Сурия ва мухолифонро ба музокира ташвиқ хоҳанд кард.

Оқои Керрӣ рӯзи гузашта дар Маскав бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Сергей Лавров, вазири умури хориҷа дидор кард.

"Қатъи интернет"

Дар пайи интишори ахборе мабнӣ бар қатъи интернет дар Сурия, хабаргузории расмии ин кишвар гуфт бурузи ишкол дар кобели фибри нурӣ далели ин қатъ будааст.

СОНО, хабаргузории расмии Сурия гуфт ин ишкол дар сареътарин вақти мумкин бартараф хоҳад шуд.

Мухолифон мегӯянд давлат бо қатъи интернет ба дунболи "хомуш кардани" иртибототи мухолифон аст.

Ширкатҳои интернетии хориҷ аз Сурия гуфтанд, ки трофики интернетӣ пас аз соъати даҳи шаб ба вақти маҳаллӣ дар Сурия ба сифр расид.

Дар моҳи ноябри соли пеш интернет барои се рӯз дар ин кишвар қатъ буд.

Матолиби муртабит