Вазири хориҷаи Омрико дар садади касби ҳимояти Русия аз таҳрими Сурия аст

  • 7 Май, 2013
Ҷон Керрӣ
Image caption Таҳлилгарон бар ин боваранд, ки вазири умури хориҷаи Омрико нахоҳад тавонист дар ин дидор мавзеъи оқои Путинро тағйир диҳад

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико дар сафар ба Маскав бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дидор кардааст.

Буҳрони Сурия муҳимтарин меҳвари музокироти оқои Керрӣ бо раиси ҷумҳурии Русия аст.

Мақомоти омрикоӣ мегӯянд оқои Керрӣ талош хоҳад кард то раиси ҷумҳури Русияро розӣ кунад, ки аз вазъи таҳримҳои бештар тавассути Созмони Милали алайҳи Сурия ҳимоят кунад ва қатъномаи марбут ба таҳрими ҳукумати Сурияро вету накунад.

Таҳлилгарон бар ин боваранд, ки вазири умури хориҷаи Омрико нахоҳад тавонист дар ин дидор мавзеъи оқои Путинро тағйир диҳад.

Омрико мегӯяд ин таҳримҳо дар сурате вазъ хоҳад шуд, ки Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия бо музокира бо мухолифонаш бар сари интиқоли қудрат мувофиқат накунад.

Русия ва Чин то кунун се қатъномаи маҳкумияти Сурия дар Шурои Амнияти Созмони Милалро вету кардаанд.

Омрико ва Чин дар мавриди буҳрони Сурия дорои ихтилофи назари ҷиддӣ ҳастанд, ки яке аз онҳо дар мавриди ояндаи Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия аст.

Русия, ки аз оқои Асад ҳимоят мекунад аз фишорҳои Омрико барои водор кардани раиси ҷумҳури Сурия барои канорагирӣ ҳимоят намекунад.

Омрико ахиран эҳтимоли таҳвили силоҳ ба мухолифони ҳукумати Башори Асадро матраҳ карда ва ҳафтаи пеш Чок Ҳейгел, вазири дифоъи ин кишвар чунин иқдомеро яке аз гузинаҳои қобили интихоб барои Омрико тавсиф кард.

Сафари Ҷон Керрӣ ба Маскав чанд рӯз пас аз ҳамалоти ҳавоии Исроил ба ҳумаи Димишқ сурат мегирад.

Русия ин ҳамалотро маҳкум кардааст. Манобеъи исроилӣ гуфтаанд, ки ҳадаф аз ин ҳамалот инҳидоми таслиҳоте будааст, ки давлати Сурия дар назар дошт дар ихтиёри гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон қарор гирад.

Гузоиршҳои таъйиднашуда ҳокӣ аз кушта шудани наздик ба 42 сарбоз дар ин ҳамалот аст.

Кохи Кремлин Кремлин, мақари дафтари раёсати ҷумҳурии Русия гуфтааст, ки Владимир Путин дар ин маврид бо Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил суҳбат кардааст.

Силоҳи шимиёӣ

Image caption Сафари Ҷон Керрӣ ба Маскав чанд рӯз пас аз ҳамалоти ҳавоии Исроил ба ҳумаи Димишқ сурат мегирад

Стивен Розенберг, хабарнигори Би-би-сӣ дар Маскав мегӯяд вазорати умури хориҷаи Русия аз Ғарб хоста то масъалаи силоҳҳои шимиёӣ дар Сурияро сиёсӣ накунад.

Ӯ мегӯяд вазорати умури хориҷаи Русия аз ин амр ки афкори умумӣ дар ҳоли омода шудан барои дахолати эҳтимолии низомӣ аст, ибрози нигаронӣ карда аст.

Корло дел Пунте, яке аз бозрасони Созмони Милал гуфтааст, ки бар асоси шаҳодатҳои қурбониён ва пизишкон нерӯҳои мухолифи Башор Асад аз силоҳи шимиёӣ дар даргириҳо истифода кардаанд, аммо Созмони Милал чанд соъат пас аз ин изҳорот гуфт гурӯҳи таҳқиқкунанда дар ин замина ҳануз ба натиҷаи қотеъе нарасидааст.

Давлати Сурия ва мухолифон якдигарро ба истифода аз гози сорин муттаҳам кардаанд.

Мақомоти омрикоӣ борҳо давлати Сурияро ба истифода аз силоҳи шимиёӣ алайҳи шаҳрвандони худ муттаҳам кардаанд, аммо Сурия ин иттиҳомро рад карда ва гуфтааст, ки алайҳи шаҳрвандони худ чунин силоҳеро ба кор нахоҳад гирифт.

Хабарнигори Би-би-сӣ дар Маскав мегӯяд Русия нигарони он аст, ки авзоъи Сурия дар сурати канорагирии Башор Асад бадтар хоҳад шуд ва исломгароён ҷои холии ӯро пур хоҳанд кард.

Матолиби муртабит