Таниши тозаи байни Вошингтун ва Маскав

  • 16 Апрел, 2013
Image caption Борок Убомо мушовири амнияти миллии худро бо як номаи шахсӣ барои Владимир Путин ба Маскав фиристодааст.

Робитаи пурфарозу нишеби Вошингтун ва Маскав ҳар рӯз печидатар мешавад.

Агар ихтилофоти ду тараф бар сари ҷанги дохилии Сурия, сипари мушакии НОТУ дар Урупо ё манъи фарзандхондагии навзодони рус тавассути хонаводаҳои омрикоӣ кам буд, чанд рӯз аст, ки таҳримҳои мутақобили "ноқизи ҳуқуқи башар" ҳам ба ин феҳристи баландболо изофа шудааст.

Даври тозаи танишҳо рӯзи панҷшанбе (11 апрел) оғоз шуд, пас аз он ки давлати Борок Убомо эълом кард, ки 18 мақоми русро ба иттиҳоми нақзи ҳуқуқи башар аз вуруд ба Иёлоти Муттаҳида манъ кардааст ва дороиҳои эҳтимолии онҳоро масдуд мекунад.

Ин иқдом бар асоси "Қонуни Магнитский" анҷом шуда, қонуне ба ёди Сергей Магнитский, ифшогари рус, ки ба гуфтаи фаъъолони ҳуқуқи башар дар соли 2009 бар асари шиканҷа ва бадрафторӣ дар дар зиндони Бутиркои Маскав даргузашт.

Вазорати умури хориҷаи Русия дар вокуниш 18 мақоми омрикоӣ, аз ҷумла Дейвид Эдингтун, раиси дафтари Дик Ченӣ, муъовини Ҷурҷ Буш раиси ҷумҳурии собиқи Омрико ва дарёсолор Ҷефрӣ Ҳорбсун, раиси пешини боздоштгоҳи Гуонтономуро ба иттиҳоми шиканҷа ва нақзи ҳуқуқи башар таҳрим кардааст.

"Парҳез аз буҳрон"

Ба назар мерасад, ки Вошингтун ва Маскав дар ин мақтаъ аз таҳрими мақомҳои баландпояи якдигар худдорӣ кардаанд, то аз бурузи як буҳрони диплумотики тамом айёр парҳез шуда бошад.

Наталия Антилава, хабарнигор ва сардабири сойти хабарии "Маскав нюз", ба Би-би-сии форсӣ мегӯяд: "Шоеъа шуда буд, ки Омрико баъзе аз мақомҳои аршади Русияро мамнӯъулвуруд хоҳад кард. Аммо вақте ин иттифоқ наафтод, афкори умумӣ ва расонаҳо то ҳадде хиёлашон осудатар шуд. Ин таҳримҳо дар кӯтоҳмуддат бар робитаи ду тараф асари манфӣ мегузорад, аммо фикр намекунам, ки дар баландмуддат чандон таъсире дошта бошад."

Шояд ба ҳамин хотир бошад, ки Борок Убомо, Том Донилун, мушовири миллии худро бо як номаи шахсӣ барои Владимир Путин ба Маскав фиристодааст.

Кохи Сафед ва Кремлин музокироти рӯзи душанбеи оқои Донилун ва раис ҷумҳурии Русияро мусбату созанда арзёбӣ кардаанд, гуфтугӯҳое, ки меҳвари он масъала халъи силоҳи ҳастаӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ эълом шудааст.

Морк Котз, коршиноси масоили Русия ва устоди донишгоҳи Ҷурҷ Мейсуни Вирҷиниё муътақид аст, ки таҳримҳои башарӣ эҳтимоли ҳамкории Русия бо Омрико дар мавриди Эронро камтар мекунад.

Ӯ ба Би-би-сии форсӣ мегӯяд: "Аз назари Русия равобит бо Омрико бештар ҷанбаи бидеҳ бистон дорад. Агар Омрико аз онҳо мехоҳад дар муқобил бояд чизе бидиҳад. Чизе ки Русия мехоҳад адами мудохила дар умури дохилиаш аст."

Ба бовари ин коршинос Русия имрӯз дигар монанди Шӯравии собиқ барои Омрико аҳамият надорад ва ба ҳамин хотир Кохи Сафед ба ҷойи дунбол кардани як сиёсати ҷомеъ ва воҳид тарҷеҳ медиҳад, ки ба таври мавридӣ бо Кремлин таъомул дошта бошад.

Морк Котз мегӯяд: "Русия дар мавриди Куреи Шимолӣ ҳеҷ коре намекунад ва фишоре бар ин кишвар ворид намекунад.... ҳамин тавр дар мавриди Эрон, агар қарор бошад даргирӣ рух бидиҳад, манофеъи Русия эҷоб мекунад, ки худашро канор бикашад"

Русия ва Омрико дар мавриди Сурия ҳам ихтилофи назари ҷиддӣ доранд. Маскав дар ҷанги дохилии Сурия аз Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, ҳимоят мекунад.

Баъид ба назар мерасад, ки мушовири амнияти миллии Борок Убомо битавонад дар Маскав тағйири истротежикӣ дар мавозеъи Русия эҷод кунад, ҳарчанд сафари оқои Донилун метавонад заминасози ҳамкориҳои токтикии ҷадиде байни Кохи Сафед ва Кремлин бошад.

Матолиби муртабит