'Мухолифони мусаллаҳ дар Сурия эҳтимолан аз гози сорин истифода кардаанд'

  • 6 Май, 2013
Image caption Корло Дел Пунте додситони додгоҳи байналмилалии ҷинояти ҷангии Югословии собиқ буда

Корло Дел Пунта, бозраси аршади Созмони Милал мегӯяд, ки шаҳодати қурбониён нишон медиҳад муҳолифони мусаллаҳи давлати Сурия аз гози сорин истифода кардаанд. Ба гуфтаи хонуми Дел Пунта бо ин ки мадраки инкорнопазире вуҷуд надорад, аммо шавоҳиди истифода аз гози шимиёии қавӣ ва воқеъӣ ҳастанд.

Ӯ дар бораи ин ки гози сорин кай ва дар куҷо истифода шуда ба ҷузъиёти бештаре ишора накард.

Дар ҳоле ки кишварҳои ғарбӣ давлати Сурияро ба далели эҳтимоли истифода аз гози шимиёӣ зери фишор гузоштаанд, хонуми Дел Пунта ба телевизиюни Суис-Итолиё гуфт, ки ҳанӯз мадраке, ки нишон диҳад нерӯҳои низомии Сурия аз гози шимиёӣ истифода кардаанд, пайдо нашудааст.

Хонуми Дел Пунта , ки узви Кумиссиюни таҳлили байналмилалии мустақили Сурия аст, гуфт: "Мо дар кишварҳои ҳамсояи Сурия аз қурбониён, пизишкон ва коркунони бемористонҳои маҳаллӣ таҳқиқ кардем."

"Бар асоси наҳваи дармони қурбониён ва гузоришҳои ҳафтаи пеши онон, ки ман дидаам, эҳтимоли истифода аз гози сорин қавӣ ва воқеъӣ аст, аммо ҳанӯз мадраки ғайриқобили инкоре вуҷуд надорад."

"Барои таъйиди он чи медонем, ба шавоҳиди бештаре аз қурбониён ниёз аст."

Кумиссиюни таҳқиқи байналмилалии мустақили Сурия, ки хонуми Дел Пунта узви он аст, дар моли 2011 ва барои баррасии нақзи ҳуқуқи башар ташкил шудааст.

Иттиҳомҳои дуҷониба

Дар ҳоле ки давлати Сурия ва ҳам мухолифони мусаллаҳ якдигарро ба истифода аз силоҳи шимиёӣ муттаҳам мекунанд, Созмони Милал гурӯҳи таҳқиқи дигаре ташкил додааст. Ин гурӯҳ омодаи сафар ба Сурия аст, аммо хостори озодии беқайду шарт барои таҳқиқ дар бораи тамоми гузоришҳои истифода аз гозҳои шимиёӣ аст.

Омрико ва Бритониё мегӯянд, ки шавоҳиди тоза нишон медиҳад нерӯҳои давлтӣ аз гози сорин истифода кардаанд. Омрико мегӯяд "то ҳадде итминон" дорад, ки аз силоҳи шимиёӣ истифода шудааст.

Давлати Башор Асад истифода аз гози шимиёиро такзиб мекунад ва онро "дурӯғ" мехонад.

Президент Убомо моҳи пеш хостори "таҳқиқоти ҷиддӣ" барои баррасии сиҳҳати ин иттиҳомҳо шуд, то рӯшан шавад оё аз силоҳҳое, ки "тавозуни қаво"-ро барҳам мезананд, истифода шуда ё на.

Ҳамалоти Исроил

Суҳбатҳои хонуми Дел Пунта дар бораи истифода аз гози сорин як рӯз баъд аз ҳамлаи ҳавоии Исроил ба аҳдофи низомӣ дар хоки Сурия мунташир мешавад.

Мақомоти исроилӣ мегӯянд, ки ин ҳамла барои инҳидоми маҳмулаи мушакҳои ирсолии Эрон барои Ҳизбуллоҳи Лубнон будааст.

Бар асоси охирин гузоришҳо дар ин ҳамла муҷтамаъе низомӣ дар Ҷамроё, таъсисоти Мислун дар марзи Лубнон ва анборе дар фурудгоҳи Димишқ ҳадаф қарор гирифтаанд.

Давлати Сурия зимни такзиби ин ки маҳмулаҳои мушакӣ ҳадаф қарор гирифтаанд, аз осеби шадид ба ин таъсисот ва куштаву захмии ғайринизомиён хабар додааст.

Ин ҳамла боъиси эътирози Иттиҳодияи Араб шуд ва Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳам дар ин бора изҳори нигаронӣ кард.

Ӯ гуфт, ки тамоми тарафҳои даргир бояд "оромиш ва хештандорӣ" нишон диҳанд ва масъулона рафтор кунанд, то "буҳроне, ки ба андозаи кофӣ мухарраб ва хатарнок ҳаст, шадидтар нашавад.

Матолиби муртабит