Садҳо хонаводаҳои сурӣ аз бими кушторҳои Бонёс дар ҳоли фирор ҳастанд

  • 4 Май, 2013
Image caption Видиюҳое аз кушторҳои рӯзҳои ахир дар интернет қарор дода шудааст

Фаъъолони мухолифи давлати Сурия гуфтаанд, ки дар пайи кушторҳои рӯзҳои охир садҳо сурӣ дар ҳоли фирор аз шаҳри Бонёс ҳастанд.

Ба гуфтаи ин фаъолон нирӯҳои давлатӣ монеъ аз вуруди суриҳое мешаванд, ки саъй доранд барои фирор аз хушунатҳо ба шаҳри Тартус паноҳ бибаранд.

Ин паноҳҷӯён дар ҷодаи аслии мунтаҳӣ ба ин шаҳр гирифтор шуданд.

Видиюҳое, ки гуфта мешавад субҳи имрӯз дар интернет мунташир шуда, зоҳиран афродеро, ки қурбони эъдомҳои фаврӣ шудаанд нишон медиҳад.

Бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ беш аз дусад нафар аз ҷумлаи чандин кудаки хурдсол кушта шудаанд.

Бонёс наздик ба деҳкадаи Байзо дар шимолу ғарби Сурия қарор дорад, ки пештар фаъъолони сурӣ аз кушта шудани дасти кам 40 нафар дар ин русто ба дасти нирӯҳои давлатӣ хабар дода буданд.

Матолиби муртабит