Кумакҳои пинҳонии Ғарб ба шӯришиёни Сурия дар Урдун

Шавоҳиди ҷадиде ба даст омада, ки нишон медиҳад ғарбиҳо дар Урдун, ҳамсояи Сурия шӯришиёни Сурияро омӯзиш медиҳанд ва илова бар он, исломгароҳои урдунӣ ҳам таваҷҷуҳи бештаре ба даргириҳои Сурия нишон медиҳанд.
Давлатҳои ғарбӣ ва муттаҳидонашон дар Ховари Миёна нигарони афзоиши қудрати гурӯҳҳои исломгарои ифротӣ дар даргириҳои Сурия ҳастанд. Омрико ахиран қавл дод, ки мизони кумакҳои "маргбор ва ғайрикушанда" ба Артиши озоди Сурия, ки гароишҳои секулортаре дорадро афзоиш диҳад. Аммо гузоришҳое ҳам вуҷуд дорад, ки бар асоси онҳо нерӯҳои низомии Омрико дар Урдун ба гурӯҳҳои баргузидае аз пайкорҷӯёни Артиши озоди Сурия омӯзиш медиҳанд. Албата ин иддаъо расман такзиб шудааст. Дар як муҷтамаъи опортумонии маъмулӣ дар шаҳраке дар Урдун бо яке аз фармондеҳони аршади Артиши озоди Сурия мулоқот кардем. Ӯ танҳо ба ин шарт ки ҳуввияташ фош нашавад, қабул кард, ки бо Би-би-сӣ гуфтугӯ кунад.
Ӯ гуфт: "Омӯзиш бар наҳваи истифода аз силоҳҳои кӯчак ва мутавассит ва ҳамчунин хумпора ва ОрПиҶӣ (РПГ) муттамаркиз буд." Ин фармондеҳ шахсан дар давраҳои омӯзишӣ ширкат накарда буд, аммо баъзе аз нерӯҳои таҳти амри ӯ ин корро карда буданд ва аз ӯ хоста шуда буд феҳристе аз асомиро барои давраҳои омӯзишии баъдӣ ироа кунад. Ӯ гуфт, ки омӯзиши нерӯҳо дар як маҷмаъи низомӣ дар беруни пойтахти Урдун анҷом шудааст. Бархе манобеъи дигар дар Артиши озоди Сурия ҳам ин ҳарфҳоро таъйид кардаанд ва ба Би-би-сӣ гуфтанд, ки пайкорҷӯён дар гурӯҳҳои нисбатан кӯчаке омӯзиш дидаанд ва давраҳои омӯзишӣ ду ҳафта тул кашидааст.
Давлати Урдун омӯзиш дидани нерӯҳои Артиши озоди Сурия дар хоки ин кишварро такзиб кардааст. Омрико расман вокунише ба иддаъои дахолаташ дар омӯзиши ин нерӯҳо нишон надода ва таъкид карда, ки кӯмакҳо ба Артиши озоди Сурия акидан "ғайрикушанда" аст. Аммои дур аз дурбинҳо ва мавзеъгириҳои расмӣ, мақомоти ҳар ду кишвар талвеҳан вуҷуди урдугоҳҳои омӯзишӣ ва ҳузури мураббиёни омрикоиро таъйид кардаанд.
Моҳи апрел рӯзномаи Вошингтун Пуст хабар дод, ки бо таваҷҷуҳ ба пешравиҳои шӯришиён дар манотиқи ҷанубии Сурия қарор аст омӯзишҳо бо суръати бештаре дунбол шаванд. Манобе]и иттилоъотии ғарбӣ гуфтаанд, ки мумкин аст ширкатҳои амниятии хусусии омрикоӣ омӯзиши шӯришиёнро бар ъуҳда бигиранд.
Ин фармондеҳи Артиши озоди Сурия дар мавриди ин ки чигуна тобеъияти мураббиёнро шиносоӣ карда, гуфт: "Бештари шӯришиён қаблан таҳсилоте доштаанд ва барояшон ташхиси лаҳҷаи омрикоии мураббӣ сахт нест. Албатта ӯ ба кумаки мутарҷим бо нерӯҳо суҳбат мекард, аммо аз наҳваи ҳарф заданаш маълум буд, ки омрикоӣ аст."
Аммо ба гуфтаи ин фармондеҳ мардони таҳти амри ӯ аз кайфият ва сатҳи омӯзишҳо розӣ набудаанд: "Бештари пайкорҷӯён норозӣ буданд, чун сатҳи омӯзишҳо бисёр ибтидоӣ буд. Онҳо пеш аз ин ки ба инқилоб бипайванданд, истифода аз силоҳҳои кӯчак ва мутавасситро балад буданд. Хелеҳо мегуфтанд, ки ин омӯзишҳо чизе ба тавоноиҳои Артиши озоди Сурия изофа намекунад."
Амvо дар канори Артиши озоди Сурия гурӯҳҳои дигаре ҳам ҳастанд, ки аз Урдун ба унвони пойгоҳе барои пайгирии аҳдофашон дар Сурия истифода мекунанд ва ин аҳдоф лузуман бо ҳадафҳои Омрико мутобиқат надорад.
"Қонуни худо рӯйи замин"
Шаҳри Маъон, ки дар ҷануби Аммон воқеъ шуда бо худрав ду соъат бо пойтахти Урдун фосила дорад ва роҳи миёни ин ду шаҳр аз биёбонҳои беобу алафи Урдун мегузарад.
Дар муҷтамаъе дар ҳошияи ин шаҳр бо яке аз раҳбарони салафиёни Урдун ба номи Абусаййоф мулоқот кардем. Албатта номи комили ӯ Муҳаммад Алчалабӣ аст. Ӯ дар соли 2004 ба даст доштан дар тавтеъаи ҳамла (бо ҳамкории Алқоъида) ба як пойгоҳи низомии Урдун муттаҳам ва муҷрим шинохта шуд. Ин пойгоҳ маҳали сукунати сарбозони омрикоӣ буд. Оқои Чалабӣ баъд ба эъдом маҳкум шуд, аммо дар муҷозоташи тахфиф дода шуд. Ӯ ҳоло озод аст ва машғули нафаргирӣ дар миёни ҷавонони урдунӣ аст.
Ин ҷавонон ба Сурия фиристода мешаванд то ба шӯришиёи исломгарои Ҷабҳаи нусрат бипайванданд. Ӯ мегӯяд: "500 нафар аз нерӯҳои мо (салафиёни урдунӣ) дар Сурия меҷанганд, ки то ба ҳол 30 нафарашон кушта шудаанд. Ман ба ин мардони ҷавон мегӯям, ки ҳар мусулмоне вазифа дорад ба кумаки мардуми бедифоъи Сурия биштобад."
Авоили ин моҳ раҳбарони Ҷабҳаи нусрат вафодории худ ба Алқоъидаро эълом карданд. Оқои Чалабӣ мегӯяд, ки ҷунбиши салафии ӯ аҳдофи мушобеҳе дорад: "Ҳадафи мо таъсиси давлати исломӣ аст, ки шариъати худовандро пиёда кунад. Ҳар ҳукумате ғайр аз ин ҳукумат куфр аст ва бояд сарнагун шавад."
Феълан Артиши озоди Сурия, ки гароишҳои секулортаре дорад ва исломгароёни Ҷабҳаи нусрат ҳадафи муштараке доранд: канор задани Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия аз қудрат. Аммо миёни ин ду гурӯҳ шикофи идеулужики бузургӣ вуҷуд дорад ва бисёре аз ин бим доранд, ки ҳамин шикоф боъиси идома ва тӯлонӣ шудани даргириҳо шавад.
Оқои Чалабӣ мегӯяд: "Мо умедворем, ки бо суқути ҳукумати Башори Асад даргириҳо дар Сурия ба поён бирасад, аммо эътиқоди шахсии ман ин аст баъд аз суқути ҳукумат набарди дигаре дар пеш аст. Мубориза то барқарории қавонини илоҳӣ рӯйи замин идома хоҳад дошт."
Аз ӯ пурсидам: "Рӯйи замин?". Ӯ посухашро ислоҳ кард ва гуфт: "Дар Сурия." Зерсохтҳои Урдун аз уҳдаи посухгуӣ ба оворагони сурӣ барнамеоянд. Аз замони оғози даргириҳо ҳудуди ним миллиюн сӯрӣ аз марзҳои ҷанубии ин кишвар ба Урдун гурехтаанд.
Аммо чизе ки боъиси нигаронии шадиди Аммон шуда, дурнамои тасаллут ёфтани исломгароён бар навоҳии марзии Сурия бо ин кишвар, он ҳам бо кумаки салафиёни урдунӣ аст.
Маҳмуд Ирдейсот, мудири маркази мутолеъоти истротежик дар Акодемии мутолеъоти дифоъии малик Абдуллоҳи дувум дар Аммон мегӯяд: "Ин охирин чизе аст ки дӯст дорем иттифоқ биафтад. Ҳузури гурӯҳҳои ифротӣ дар Сурия боъис мешавад, ки мо дар ояндаи наздик бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ шавем."
Аммо талоши кофӣ ва бамавқеъе барои маҳори қудрат гирифтани Ҷабҳаи нусрат анҷом нагирифтааст. Фармондеҳи Артиши озоди Сурия, ки бо мо мулоқот кард, гуфт ки пайкорҷӯёни гурӯҳҳои секулор аз ин гурӯҳҳо ҷудо мешаванд ва ба исломгароён мепайванданд, чаро ки онҳо имконоти молӣ ва таҷҳизоти беҳтаре дар ихтиёр доранд. Ӯ гуфт: "Камбуди манобеъи молии мо боъис шуда бисёре аз нерӯҳо ба Ҷабҳаи нусрат бипайванданд. Қаблан дар минтақаи мои Ҷабҳаи нусрат бештар аз 10 ё 15 нерӯ дар ихтиёр надошт ва ман ҳамаи онҳоро ба исм мешинохтам. Аммо ҳоло иддаи онҳо ба ҳазорон нафар расидааст."
