Хабарнигори итолиёӣ дар Сурия нопадид шуд
Масъулони рӯзномаи "Ло Истомпо" дар Итолиё мегӯянд бист рӯз аст, ки яке аз хабарнигорони ин рӯзнома дар Сурия нопадид шудааст.
Онҳо мегӯянд Думиник Кирику, ки 62 сол дошта ва хабарнигори манотиқи ҷангии ҳирфаӣ аст, рӯзи шашуми апрел аз тариқи масири Лубнон вориди хоки Сурия шудааст.
Вай ба масъулони рӯзнома гуфта буд, ки ба муддати як ҳафта бо онҳо тамос нахоҳад гирифт. Ба гуфтаи рӯзномаи "Истомпо", то рӯзи нуҳуми апрел, чандин тамос бо ин хабарнигор барқарор шудааст, аммо баъд аз он то кунун хабаре аз вай дар дастрас нест.
Сардабири рӯзномаи "Ло Истомпо" гуфт замоне тасмим ба интишори ин хабар гирифт, ки талошҳо барои ёфтани ӯ бенатиҷа монд.
Вай гуфт: "Мо умедвор будем, ки расонаӣ накардани ин хабар роҳи ҳалле эҷод кунад. Аммо мутаассифона ин тавр нашуд ва мо тасмим гирифтем ин мавзӯъро матраҳ кунем."
Вазорати умури хориҷаи Итолиё гурӯҳи буҳрони худро барои пайдо кардани ин шаҳрванд фаъъол кардааст.
Оқои Кирику дар кишварҳое ҳамчун Судон, Либӣ ва Угондо гузориш таҳия кардааст.
