Нахуствазири Сурия аз сӯиқасд ҷони солим бадар бурд

  • 29 Апрел, 2013
Image caption Тасвири худраве сӯхта дар инфиҷор дар минтақаи Маззаи Димишқ, ки хабаргузории расмии Сурия онро мунташир кардааст

Инфиҷори бумбе, ки дар масири Воил Ҳалақӣ, нахуствазири Сурия, кор гузошта шуда буд, боъиси кушта шудани муҳофизи ӯ шуд, аммо бинобар гузоришҳо, нахуствазир ҷони солим бадар бурдааст.

Ба гузориши телевизиюни давлатии Сурия, ин бумб дар худраве дар маҳаллаи пуррафту омади Мазза дар Димишқ, пойтахти Сурия, кор гузошта шуда буд ва теъдоде маҷрӯҳ ба ҷой гузоштааст.

Бар асоси тасвире, ки мунташир шуда, сутуне аз дуди сиёҳ дар маҳалли инфиҷор дида мешавад.

Бинобар гузориши гурӯҳҳои фаъъол дар Сурия, як худрав ва як утубус ба иллати инфиҷор оташ гирифтаанд ва маҳалли инфиҷор дар канори як ҷода ва як сохтмони баланд будааст.

Маҳаллаи Мазза барои давлати Сурия аҳаммияти ҳаётӣ дорад ва як фурудгоҳи низомӣ дар он воқеъ аст.

Мухолифони мусаллаҳ ва нерӯҳои давлатии Сурия моҳҳост, ки дар атрофи Димишқ бо ҳам даргир ҳастанд, аммо ҳеҷ кадом натавонистаанд бартарии қобили мулоҳизае бар тарафи муқобил пайдо кунанд.

Ин охирин инфиҷор дар манотиқи муҳофизатшудаи давлатӣ аст. Соли гузашта инфиҷоре дар вазорати кишвари Сурия вазири кишварро башиддат захмӣ кард, ҳарчанд расонаҳои давлатӣ эълом карданд, ки мақомоти аршад осебе надидаанд.

Матолиби муртабит