Манораи масҷиди маъруфи Ҳалаб тахриб шуд

Манораи масҷиди умавии Ҳалаб, яке аз маъруфтарин масоҷиди Сурия дар даргириҳои ин кишвар тахриб шудааст.
СОНО, хабаргузории расмии Сурия шӯришиёнро ба мунфаҷир кардани манораи қарни ёздаҳумии масҷиди умавии Ҳалаб муттаҳам кардааст.
Хабаргузории давлатии Сурия мегӯяд ҷангҷуёни "Ҷабҳаи нусрат" ки бо Алқоъида муртабит ҳастанд, ин манораро тахриб кардаанд.
Аммо фаъолони мухолифи давлати Сурия мегӯянд ин манора ҳадафи оташи як танки артиши Сурия қарор гирифтааст.
ЮНЕСКУ, масҷиди қадимии Ҳалабро ба унвони мероси ҷаҳонӣ ба сабт расондааст.
Ин масҷид аз чанд моҳ пеш дар ихтиёри шӯришиён буда, аммо маҳаллаҳои атрофи он ҳануз саҳнаи даргирии миёни шӯришиён ва нерӯҳои давлатӣ аст.
Октябри соли пеш ЮНЕСКУ бо ном бурдан аз масҷиди умавии Димишқ ба унвони яке аз зеботарин масоҷиди ҷаҳони ислом аз тарафҳои даргир хост то аз ин макони торихӣ муроқибат кунанд.
Тасовире, ки дар интернет мунташир шуда, нишондиҳандаи тахриби комили манора аст.
Соири бахшҳои ин масҷид низ башиддат осеб дидааст.
Гузориш мешавад, ки бахше аз осори қадимӣ ва гаронбаҳои масҷид низ ғорат шудааст.
Ҷаъбае, ки гуфта шуда мӯйи паёмбари ислом дар он қарор дошт, рабуда шудааст.
Шӯришиён гуфтаанд, ки онҳо нусхаҳои қадимии қуръониро бардошта ва пинҳон кардаанд.
