'Даҳҳо кушта' дар даргирии артиши Сурия бо мухолифон

Артиши Сурия шаҳри Ҷадидалфазл, дар наздикии Димишқро аз мухолифон пас гирифтааст. Мухолифон мегӯянд дар даргирӣ, ки миёни нерӯҳои артиш ва мухолифон дар ин шаҳр рух дод, дастикам 80 нафар кушта шуданд.
Онҳо мегӯянд занон ва кӯдакон низ дар миёни кушташудагон буданд.
Ба гуфтаи мухолифони Башор Асад, нерӯҳои артиш пас аз панҷ рӯз даргирии шадид муваффақ шуданд кунтрули шаҳри Ҷадидалфазлро ба даст гиранд.
Хабаргузории давлатии Сурия, СОНО, мегӯяд нерӯҳои давлатӣ "хисороти зиёдеро ба теруристҳо" дар ин шаҳр ворид кардааст.
Аз оғози даргириҳо миёни нерӯҳои мухолифи Башор Асад ва артиши давлатӣ иддаи зиёде дар ин кишвар ҷони худро аз даст додаанд.
Бархе гузоришҳо теъдоди кушташудагонро дастикам 70 ҳазор нафар медонанд.
Даргирии ахир ба дунболи талошҳои артиши Сурия барои аз байн бурдани камарбанди муҳосираӣ аст, ки мухолифон дар атрофи Димишқ, пойтахти Сурия, эҷод кардаанд.
"Эъдоми фаврӣ"
Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башари Сурия, ки ба мухолифон наздик аст ва дар Бритониё фаъъолият мекунад, мегӯяд муваффақ шудааст дастикам 80 мавриди қатлро дар шаҳри Ҷадидалфазл, дар ҷануби ғарбии Димишқ, шиносоӣ кунад.
Ин созмон , ки тасовири видиюӣ низ аз ин даргирӣ мунташир кардааст, хабар аз эъдоми фаврии теъдоде аз мухолифон додааст.
Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башари Сурия мегӯяд гузоришҳое дар даст дорад, ки теъдоди кушташудагонро 250 нафар нишон медиҳад.
Ин созмон аснод ва мадорики марбут ба даргирӣ дар Сурияро ҷамъоварӣ ва гузориш мекунад ва бо ин ки мегӯяд гузоришҳояш бетарафона аст, Би-би-сӣ наметавонад онҳоро мустақилан таъйид кунад.
Хабаргузории "Руйтерз" низ ба нақл аз яке аз мухолифон гузориш кардааст, ки дар ин шаҳр 85 нафар кушта шуданд.
Абӯаҳмад Алрабӣ ба хабаргузории "Руйтерз" гуфт: ""Пас аз вуруди нерӯҳои артиш ба Ҷадидалфазл онҳо 27 гулӯларо ба сӯйи як бемористони саҳроӣ дар ин шаҳр шиллик карданд."
Вай гуфт: "Мо нигаронем теъдоди қурбониёни ин куштор болотар бошад."
