Март "маргбортарин моҳи" даргириҳо дар Сурия

Гузориши фаъъолони сурӣ ҳокӣ аз ин аст, ки дар моҳи марти соли 2013 беш аз шаш ҳазор нафар дар даргириҳои байни мухолифон ва давлати Сурия кушта шудаанд ва ин моҳ "маргбортарин моҳ" аз оғози даргириҳо дар ду соли пеш шудааст.
Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башари Сурия, ки марказаш дар Бритониёст, мегӯяд, ки дар моҳи гузашта (март) 6005 нафар дар Сурия кушта шудаанд.
Бино ба гузориши онҳо, 291 нафар аз кушташудаҳо зан буданд, 298 нафар кӯдак, 1486 нафар аз мухолифони мусаллаҳи давлат ва низомиёне, ки ба мухолифон пайвастаанд ва 1464 нафар ҳам аз нерӯҳои давлатӣ будаанд.
Бақияи кушташудагонро ғайринизомиён ва шибҳинизомиёне ташкил медиҳанд, ки ҳувияташон мушаххас нашудааст.
Ин гурӯҳ, ки мухолифи давлати Башор Асад аст, мегӯяд, ки теъдоди кулли кушташудаҳои даргирӣ бо давлати Башор Асад, беш аз он чизе аст, ки эълом мешавад ва теъдоди куштаҳоро ҳудуди 120 ҳазор нафар тахмин мезанад.
Раиси ин гурӯҳ мегӯяд, ки дар бисёре аз мавоқеъ теъдоди дақиқи кушташудаҳоро наметавон шумурд. Ӯ гуфт, ки дар ин мавоқеъ онҳо тахминҳояшонро вориди омори расмӣ намекунанд.
Рақами расмии кушташудаҳо ба ривояти ин гурӯҳ 62554 нафар аст.
Созмони Милали Муттаҳид аммо теъдоди куштаҳоро беш аз ҳафтод ҳазор нафар унвон мекунад.
Аҳрами фишори Ғарб
Фаъъолияти созмонҳои ҳуқуқибашарии мустақил ва рӯзноманигорон дар Сурия маҳдуд шудааст ва ҳамин амр оморгирӣ дар Сурияро мушкил кардааст.
Ду сол пеш, ки эътирозҳо шурӯъ шуд, Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, гуноҳи даргириҳоро ба гардани хориҷиҳо ва аз ҷумла Алқоъида андохт.
Аз замоне ҳам, ки эътирозҳо ба ҷанги дохилӣ бадал шуд, гурӯҳҳои ҷиҳодӣ дар теъдоди кам, аммо муассир вориди кишвар шуданд ва ба ҷанг пардохтанд.
Ҳол давлати Сурия ба мукаррар мегӯяд, ки дар ҳоли ҷанг бо "гурӯҳҳои теруристии мусаллаҳ" аст.
Сардабири бахши Ховари Миёнаи Би-би-сӣ мегӯяд, бо идомаи даргириҳо дар Сурия, Бритониё, Фаронса ва Омрико бештар ба ин натиҷа мерасанд, ки бояд мусаллаҳ кардан ва омӯзиш додани мухолифонро оғоз кунанд.
Бритониё пешбинӣ карда, ки аз авохири соли гузашта ба ин тараф Эрон ва Русия, ки аз муттаҳидони Сурия ҳастанд, кумакҳои низомӣ ва молии бештаре ба Сурия ироа медиҳанд.
Ҷереми Боуэн мегӯяд ҳамин тасаввур боъис шудааст, то Бритониё ва Фаронса аз аъзои Иттиҳодияи Урупо бихоҳанд, то манъи фиристодани силоҳ ба Сурияро бардоранд.
Ба гуфтаи ӯ кумакҳои низомӣ ва ғайринизомӣ ба мухолифон метавонад аҳрами фишор ба Ғарб бидиҳад.
Манобеъи диплумотик мегӯянд, ки ғарбиҳо мехоҳанд то одоби низомӣ дар миёни шибҳинизомиёнро тағйир диҳанд, то ба қавонини ҷанг ва ҳуқуқи башар эҳтиром бигузоранд.
