Курсии Сурия дар Иттиҳодияи Араб ба мухолифони Асад вогузор шуд

Намояндагии Сурия дар иҷлоси сарони кишварҳои араб ба раҳбари мухолифони ҳукумати Башор Асад вогузор шудааст.
Рӯзи сешанбеи 6 фарвардин (26 март) иҷлоси сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Араб кори худро дар Дуҳа, пойтахти Қатар оғоз кард ва дар нишасти ифтитоҳия курсии Сурия расман ба намояндагони мухолифони ҳукумати он кишвар вогузор шуд.
Дар оғози нишаст шайх Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ, амири Қатар ва раиси иҷлос аз Аҳмад Муъоз Алхатиб, раиси Эътилофи миллии Сурия ва Ғассон Ҳиту, раиси давлати эътилофии Сурия ва ҳайати ҳамроҳи онон даъват кард то дар маҳалли "курсии Ҷумҳурии Араби Сурия" ҳузур ёбанд.
Пас аз он ки ҳайати эъзомии Эътилофи миллӣ дар ин маҳал қарор гирифт, амири Қатар аз раҳбарони ҳозир дар иҷлос хост аз онон расман даъват кунанд намояндагии мардуми Сурияро дар иҷлос бар уҳда бигиранд.
Интизор меравад буҳрони Сурия меҳвари аслии музокироти раҳбарони ширкаткунанда дар иҷлоси Дуҳаро ташкил диҳад.
Ҳудуди ду ҳафта пеш ҷаласаи вазирони хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Араб ҳам курсии Сурияро дар он ҷаласа ба намояндагони эъзомии мухолифони ҳукумати Сурия вогузор кард ва гуфт, ки то замони баргузории интихоботи озод ва ташкили давлати миллӣ дар Сурия эътилофи мухолифонро намояндаи машруъ ва қонунии мардуми он кишвар медонад.
Иттиҳодияи Араб дар ноябри соли 2011 дар эътироз ба он чӣ ки саркуби хушунатомези муътаризон дар Сурия ва адами ҳамкории давлати Башор Асад, раиси ҷумҳурӣ бо тарҳи пешниҳодии Иттиҳодия барои поён додан ба буҳрони сиёсии он кишвар мехонд, узвияти Сурия дар ин иттиҳодияро ба ҳоли таълиқ даровард.
Тарҳи пешниҳодии соли 2011 Иттиҳодияи Араб шомили барқарории оташбас байни артиши Сурия ва мухолифони мусаллаҳ зери назорати сулҳбонони эъзомии иттиҳодия, озодии тазоҳурот ва анҷоми ислоҳот ба манзури баргузории интихоботи озод дар Сурия буд, аммо ба гуфтаи Иттиҳодия ҳукумати Сурия ҳаргиз дар пазириш ва иҷрои ин тарҳ садоқат надошт.
Кишварҳои узви Иттиҳодияи Араб дорои мавзеъи воҳиде дар қиболи буҳрони Сурия нестанд ва дар ҳоле ки Арабистони Саъудӣ ва Қатар ба шиддат аз мухолифон ҳимоят мекунанд, бархе кишварҳо монанди Ироқ, Алҷазира ва Лубнон аз мавзеъгирӣ алайҳи ҳукумати Башор Асад худдорӣ варзидаанд.
Аз миёни кишварҳои минтақа ҳам Эрон муттаҳиди аслии Башор Асад маҳсуб мешавад ва ҳадафи хусумати мухолифон қарор гирифта, дар ҳоле ки Туркия аз ҳомиёни аслии мухолифони ҳукумати Сурия аст.
Дар интизори иқдоми Ғарб
Аҳмад Муъоз Хатиб дар ҳоле раёсати ҳайати намояндагии Сурия дар иҷлоси сарони Иттиҳодияи Арабро бар уҳда гирифтааст, ки рӯзи якшанбе эълом кард аз симмати раёсати Эътилофи миллӣ канорагирӣ мекунад.
Муъоз Алхатиб гуфт, ки дар мулоқот бо Ҷон Кери, вазири умури хориҷаи Омрико аз Иёлоти Муттаҳида хостааст то бо истиқрори мушакҳои замин ба ҳавои Потриут дар шимоли Сурия аз манотиқи таҳти кунтрули мухолифон дар баробари ҳамалоти ҳавоии артиш ҳимоят кунад. Вай гуфт, ки мухолифони ҳукумати Сурия имконоти лозим барои муқобала бо таслиҳоти пешрафтаи артишро надоранд.
Ба гуфтаи раиси Эътилофи миллии Сурия оқои Кери ваъда додааст ин пешниҳодро мавриди баррасӣ қарор диҳад. Чанд моҳ пеш паймони НОТУ тарҳи истиқрори мушакҳои Потриут дар марзи Туркия бо Сурия ба манзури ҳифозат аз Туркия дар баробари ҳамалоти эҳтимолии Сурияро ба иҷро гузошт ва Эътилофи миллии Сурия хостори густариши минтақаи таҳти пӯшиши ин мушакҳо будааст.
Аҳмад Муъоз Алхатиб афзуд: "Мо ҳанӯз дар интизори дарёфти посухе аз НОТУ дар мавриди ҳифозат аз ҷони мардуми Сурия ҳастем, ҳифозат аз ҷони мардум ва на ширкат дар ҷанг бо нерӯҳои давлатӣ."
Дар оғози иҷлоси Дуҳа амири Қатар низ аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост то барои поён додан ба буҳрони Сурия иқдом кунад.
Шайх Ҳамад Оли Халифа гуфт, ки Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бояд "ба ихтиноқ ва саркӯби мардуми Сурия ва куштор ва хунрезӣ дар он кишвар поён диҳад ва "масъулини ин гуна ҷиноят аалайҳи мардум"ро ба дасти маҳокими байналмилалӣ биспорад.
Буҳрони сиёсии Сурия аз ду сол пеш бо баргузории тазоҳуроти эътирозӣ ва дархости ислоҳоти сиёсӣ ва мубориза бо фасод оғоз шуд ва давлат ба манзури хотима додан ба тазоҳурот ба эъзоми воҳидҳои низомӣ ва истиқрори онҳо дар шаҳрҳо мубодират кард.
Дар моҳҳои баъд гурӯҳе аз низомиёне, ки тарки хидмат карда буданд, "Артиши озоди Сурия"-ро бо ҳадафи ҳимоят аз тазоҳуркунандагон дар баробари ҳамалоти артир ташкил доданд, ки ба даргирии мусалллаҳона бо нерӯҳои давлатӣ мунҷар шуд.
Ба гуфтаи Созмони Милали Муттаҳид то кунун беш аз ҳафтод ҳазор нафар дар ҷараёни ҷанги дохилии Сурия ҷони худро аз даст дода ва садҳо ҳазор нафари дигар дар дохили он кишвар овора шуда ё ба кишварҳои ҳамсоя паноҳ бурдаанд.
Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба далели мавзеъгириҳои мутафовити аъзои доими шуро то кунун натавонистааст ба иқдоми муассире дар поён додан ба ин буҳрон даст бизанад. Давлатҳои ғарбии узви шуро аз мухолифони Башор Асад ҳимоят мекунанд ва Русия ва Чин ҳомии раиси ҷумҳури Сурия ҳастанд.
