"Ҳамлаи амдии нерӯҳои ҳавоии Сурия ба ғайринизомиён"

  • 11 Апрел, 2013
Image caption Дидабони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, ки дар мавориде сафҳои нонвоӣ ва бемористонҳо ҳам ҳадаф қарор гирифтаанд

Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар бо интишори гузорише эълом кардааст, ки нерӯи ҳавоии артиши Сурия дар бисёре аз ҳамалоташ фарқияте байни мухолифони мусаллаҳ ва мардуми ғайринизомӣ қоил намешавад.

Дидабони Ҳуқуқи Башар дар як гузориши 80-саҳфаӣ ҳамчунин гуфтааст, ки ҳавопаймоҳои атриши Сурия дар мавориде амдан ғайринизомиёнро бумборон кардаанд.

Ин гузориш бар асоси боздид аз ҳадди ақал 50 маҳалли мухталиф воқеъ дар шимоли ғарбии Сурия тадвин шудааст.

Мақомҳои Дидабони Ҳуқуқи Башар мегӯянд, ки дар таҳқиқоти худ бо бозмондагони ҳамалоти ҳавоӣ гуфтугӯ кардаанд ва кушта шудани дастикам 150 ғайринизомиро ба сабт расондаанд.

Ин созмон ҳушдор медиҳад, ки чунин ҳамалоте метавонад нақзи ҷиддии қавонини байналмилалӣ ва аз масодиқи ҷиноёти ҷангӣ бошад.

Дидабони Ҳуқуқи Башар дар гузориши худ аз Чин ва Русия ба хотири мамонеъат аз иқдоми Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, интиқод кардааст.

Ин ниҳод хоҳони иқдоми Шӯрои Амнияти Созмони Милал барои эъмоли таҳримҳои ҳадафманд, таҳрими таслиҳотӣ ва ирҷоъи парвандаи Сурия ба девони кайфарии байналмилалӣ шудааст.

Яке аз таҳиякунандагони гузориши Дидабони Ҳуқуқи Башар мегӯяд: "Дар як русто пас аз рустои дигар мо ҷамъияти ғайринизомиеро дидем, ки аз нерӯи ҳавоии кишвари худашон ваҳшатзадаанд.

Ин ҳамалот ғарйриқонунӣ шумори зиёде аз ғайринизомиёнро кушта ва захмӣ кардааст ва харобӣ, ҳарос ва оворагии мардумро сабаб шудааст.

Фаъъолони сурӣ мегӯянд, ки ҳамалоти ҳавопаймоҳо ва чархболҳои Сурия ба навоҳии таҳти кунтрули мухолифони мусаллаҳ аз июни соли 2012 оғоз ва дар маҷмӯъ ба кушта шудани беш аз 4300 ғайринизомӣ мунҷар шудааст.

Теъдоди куштаҳои ҷанги дохилии Сурия, ки аз ду сол пеш идома дорад, беш аз 70 ҳазор нафар тахмин зада мешавад.

Дидабони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, ки дар мавориде сафҳои нонвоиҳо ва бемористонҳо ҳам ҳадаф қарор гирифтаанд.

Давлати Сурия мегӯяд, ки дар ин ҷанги дохилии хунин бо гурӯҳҳои теруристии мавриди ҳимояти Ғарб даргир аст. Мухолифони мусаллаҳи сурӣ барои сарнагунии ҳукумати Башор Асад талош мекунанд.

Башор Асад пас аз оғози эътирозоти васеъ алайҳи ҳукумат дар соли 2011 борҳо қавли ислоҳоти асосӣ дода, аммо дар амал ба саркӯби сахти мухолифон пардохтааст.

Матолиби муртабит