Мухолифати Сурия бо густариши таҳқиқ дар мавриди корбурди силоҳи шимиёӣ

  • 9 Апрел, 2013
Image caption Тарҳи анҷоми ин таҳқиқот пас аз ҳодисае дар моҳи гузашта дар Хоналасал шакл гирифт

Сурия он чиро талоши Созмони Милал барои густариши таҳқиқот дар бораи иддаъои ба кор гирифта шудани силоҳҳои шимиёӣ дар муноқишаи ин кишвар медонад, рад кардааст.

Тарҳи анҷоми ин таҳқиқот пас аз ҳодисае дар моҳи гузашта дар Хоналасал дар устони Ҳалаб шакл гирифт.

Як тими бозрасии Созмони Милал дар Қибрис дар интизори муҷаввиз барои вуруд ба Сурия барои таҳқиқ дар бораи ин иддаъоҳост.

Аммо расонаҳои давлатӣ гуфтанд, ки Сурия иқдоми Созмони Милал барои густариши таҳқиқ ба саросари кишварро рад кардааст.

"Бидуни таъхир"

Давлати Сурия ва мухолифони мусаллаҳ якдигарро ба хотири воқеъаи Хоналасал муқассир мешиносанд.

Як манбаъи огоҳ дар вазорати хориҷаи Сурия гуфт, ки Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, хостори "афзоиши вазоифи" муҳаққиқон шуда буд, то онҳо дар саросари кишвар иҷозаи бозрасӣ дошта бошанд, масъалае, ки ба гуфтаи ин манбаъ ба маънии "тахаттӣ аз ҳокимияти миллии Сурия аст."

Image caption Ҳар тарафи муноқиша дигареро дар ҳамлаи Хонуласал муқассир мешиносанд.

Ин манбаъ гуфт, ки вазоратхонааш "мутаассиф" аст, ки Оқои Бон "дар баробари фишори кишварҳое, ки ҳимояти онҳо аз рехтани хуни мардуми Сурия мушаххас аст ва ҳадафи он инҳироф аз ҳадафи воқеъӣ (таҳқиқот) аст, таслим шуда."

"Сурия наметавонад ин монуврҳоро аз тарафи дабирхонаи кулли Созмони Милали Муттаҳид бипазирад, бахусус бо таваҷҷуҳ ба ин воқеъият, ки нақше манфӣ дар Ироқ бозӣ кард."

Оқои Бон, ки бо хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт "тамомии иддаъоҳои ҷиддии" истифода аз силоҳи шимиёӣ "бояд бидуни таъхир, бидуни шарт ва бидуни истисно баррасӣ шавад."

Фақат теъдоди бисёр андаке аз кишварҳои ҷаҳон аз имзои паймони манъи силоҳҳои шимиёӣ худдорӣ кардаанд. Сурия яке аз ин кишварҳост.

Тасаввур мешавад ин кишвар захоири гози хардал ва гози шадидан саммии аъсоб, сорин, дар ихтиёр дошта бошад.

Аз замони шурӯъи ду сол қабли нооромиҳои Сурия алайҳи ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури ин кишвар, ҳадди ақал 70 ҳазор нафар кушта шудаанд.

Матолиби муртабит